1. То андар дил тобу тавоне будам, То дар бадан аз рӯҳ нишоне будам, Дил моили ҳусни дилситоне будам, Ҷон волаи ошӯби ҷаҳоне будам. 2. Эй, пургулу лола аз рухат гулшани чашм, Равшан зи чароғи оразат маскани чашм, Гар во нашавад ба чеҳраат равзани чашм, Торик шавад ду машъали равшани чашм. 3. Эй, бе ту маро ба сабр ҷуз нуқсон не, Дилро зи ғамат ҷуз алами ҳиҷрон не, Ҷонро ҳам ғайри меҳнати ҳирмон не, Не-не, сабр нею дил не, ҷон не. 4. Эй беҳаду адд, ҳар нафасат ҳамду сано, В-аз сад чандин ҳамду сано-т истиғно. Зикри малакут андар ин дайри фано, Бо илми ту «субҳонака ло илма лано». 5. Аз гӯшаи бом орази моҳсимо, Хуршед гарат надида бошад зи имо, Шуд акси ду абрӯят ба чашмам санамо, Он навъ, ки дар шиша бувад қибланамо. 6. Эй аз маи лаълат ҳама сармастии мо, Аз сарви баландат ба замин пастии мо. Гар не, ба хаёли туст ҳамдастии мо, Вопас бошад зи нестӣ ҳастии мо. 7. Омад зи насими субҳ бӯи ту маро, Дар равза намуд ҷилва кӯи ту маро, Гул дидаму шуд нишони рӯи ту маро, Маълум нашуд ва лек хӯи ту маро. 8. Шаб то ба саҳар ҳамекунам зориҳо, Дар шиддати танҳоию бемориҳо, Аз ҳаҷр фикандем ба душвориҳо, Эй ёр, куҷо шуд он ҳама ёриҳо? 9. Ҷонам ба ду лаъли ҷонфизои ту фидо, Руҳам ба насими атрсои ту фидо. Ошуфта дилам ба ишваҳои ту фидо, Фарсуда танам ба хоки пои ту фидо. 10. То шуд ба ҳавои ишқи он моҳлиқо Ашкам дарё аз ҷигари хунполо, Гиряд ба ҳоли ман дар он ранҷу ано, Мурғони ҳавою моҳиёни дарё, 11. Аз ҳачри ту корам изтироб аст имшаб, Ҷон аз паи рафтан ба шитоб аст имшаб, Танро зи фироқ печу тоб аст имшаб, Дарёб, ки кори дил хароб аст имшаб. 12. Дар баҳри сиришкам, ки нуҷум аст ҳубоб, Не-не, ки дар ӯст офариниш нобоб. Гардуни баҳр аз кавкаб чун дар тоб Афтода ба сони сад не дар гирдоб, 13. Оини талаб зи худписандон маталаб, В-ин шева ҷуз аз ниёзмандон маталаб. Бенақшӣ зи аҳли зуҳд чандон маталаб, В-ин нақш зи ғайри нақшбандон маталаб. 14. Дар ғурбатам, афтода зи ҳиҷрони ҳабиб, Аз шиддати заъф гашта бо марг қариб, Ёре на, ки орад ба сари хаста табиб, Зоре на, ки ҷӯяд кафан аз баҳри ғариб, 15. Ҳар лаҳза, ки аз чарх ҷафое расадат, В-аз ҳодисаи замон балое расадат, Ғам нест гар аз маҳе вафое расадат, Сар чун сари зулфи ӯ ба пое расадат. 16. То кай ситаму меҳнати ҳиҷрон кашамат? Бошад, ки шабе ба байт-ул-аҳзон кашамат Аз чоки даруни дар дили вайрон кашамат, В-онгоҳ зи дил ба хилвати ҷон кашамат. 17. Дил нест, ки дар зулфи парешони ту нест, Ҷон нест, ки саргаштаи ҳиҷрони ту нест. Гӯӣ, ки дилат з-они ман аст, они ту нест, Ҷон они ман аст, гӯиё ҷони ту нест. 18. Дар ҷоми булӯрин маи ҳамчун ёқут, Гар ёбам, созам шабу рӯз онро қут. То дар фалаки пиру сипеҳри фартут, Чун ҳар ду шавад ҳавосу ақлам мабҳут. 19. Заъфамро он миёни чун мӯ боис, Қатламро он турраи ҳинду боис, Умрамро он қомати дилчӯ боис, Ҷонамро он лаъли сухангӯ боис. 20. Чашмат, ки тариқи сеҳр аз ӯ ёфт ривоҷ, Аз Бобилу Кашмир ҳамегирад боҷ. Айёрсифат рабуда гоҳи тороҷ, Аз танҳо сар чунон, ки аз сарҳо тоҷ. 21. Соқӣ, ба мани ғамзада пеш ор қадаҳ, Ҳарчанд бувад бузург, бардор қадаҳ, Гар з-он ки бувад сипеҳри даввор қадаҳ, Дар як-ду кашидан кунам нигунсор қадаҳ. 22. Дар ишқ мабош пеши ҷонон густох, Чун банда бувад ба назду султон густох, Аз дӯст чу васл ёфт натвон густох, Оқил ба адаб бошаду нодон густох. 23. Дар ошиқӣ он кас, ки муҷаррад бошад, Беҳ з-он ки ба ақлу ҳуш муқайяд бошад, Он, к-ӯ зи қабул дам занад, рад бошад, В-ар даъвии некуӣ кунад бад бошад. 24. Ту н-омадию меҳри фалак ҷилва намуд, Ту рафтию меҳр бувад бар чархи кабуд. Ояд ба рухам хуни дил аз дида фуруд, Аз омадани дери ту в-аз рафтани зуд. 25. Омад ба мани хаста зи дилбар коғаз, Аз масъалаи вафо муҳаррар коғаз, Гирён мондам, чу дида раҳбар коғаз, Чун ашки равон фурӯ шудам дар коғаз. 26. Омад ба чаман қофилаи боди баҳор, Аз сунбули тар нофаи Чин баста ба бор, Аз ғунча, ки карда ҳазза наргис изҳор, Гӯё ки ба чашмаш зи раҳат баст ғубор. 27. Ҷоно, дастат як дамам аз дӯш мабар, Дар нукта даҳони худам аз гӯш мабар, Рух аз руху гарданам зи оғӯш мабар, Аз ҷисмам рӯҳу аз танам ҳуш мабар. 28. Соқӣ, на зи оби талх, к-аз оташи тез, Як ратли гарон сӯи ман овар, бархез! Гар з-он ки зи тавбаат шавам узрангез, Андоз ба остину дар ҳалқам рез. 29. Соқӣ, ба қадаҳ маи тарабнок андоз, Акси руҳи пок дар маи пок андоз, Бас шӯру шағаб бар мани бебок андоз, 3-он ғулғула дар гунбади афлок андоз. 30. Рафтию ба ҷисмам аз ту тобаст ҳанӯз, Чашмам зи хаёли ту пуробаст ҳанӯз, Тан з-оташи ишқи ту кабобаст ҳанӯз, Боз о, ки дил аз ғамат харобаст ҳанӯз, 31. Рафтию дил аз ғамат фигор аст ҳанӯз, В-аз шавқи ту чашм ашкбор аст ҳанӯз, Во гард, ки ҷон зи ҳаҷр зор аст ҳанӯз, Боз о, ки дил дар интизор аст ҳанӯз. 32. Ёрам нашуд онбути париваш ҳаргиз, 3-ӯ шод нагашт ин дили ғамкаш ҳаргиз, Бе ӯ зи дамам кам нашуд оташ ҳаргиз, Яъни назадам боди дами х(в)аш ҳаргиз. 33. Дорам зи вуҷуди худ парешонию бас, В-аз ҷумлаи кардаҳо пушаймонию бас, Аз ақл насибам шуда нодонию бас, Бар нодонии хеш ҳайронию бас. 34. Он рӯй, ки авҷи ҳусн шуд ҷилвагаҳаш, Наззора намудаам зи зулфи сияҳаш, Нисбат натавон кард ба хуршеду маҳаш, 3-он рӯ, ки назар фикандаам таҳ ба таҳаш. 35. Хоҳӣ, ки бадат рӯ надиҳад, хушхӯ бош! Бо аҳл дур кун, якдилу якрӯ бош! Ҳар сӯ, ки равад халқ, ту дигар сӯ бош! Яъне ки мабош бо касу бо ӯ бош! 36. Ҳар чиз расад зи аҳли даврон махурӯш, В-аз қисми азал зиёдаро беш макӯш, Барбанд зи ношуниданӣ рахнаи гӯш, В-аз ҳарчи нагуфтанӣ, забон дор хомӯш. 37. Хоҳӣ, ки ба хосагони Ҳақ гардӣ хос, Аввал зи авом хешро соз халос. В-он гоҳ даро ба роҳи сидқи ихлос, То хос кунандату пазиранд хавос. 38. Хоҳӣ, ки туро расад зи дарвешон файз, Ту низ расон зи худ ба эшон файз. Ин гуна гарат расад ба дилрешон файз, Шояд ки туро даррасад аз эшон файз. 39. Э дил, ту магӯ, ки мушки ноб аст он хат, 3-он рӯ, ки зи ранг дар ҳиҷоб аст он хат, К-аз шом рақам бар офтоб аст он хат, Не-не, ғалатам, нақш дар об аст он хат. 40. Эй, аз ту даруни нотавонамро ҳаз, В-аз ҳусни ту чашми хунфишонамро ҳаз, Аз қадди хушат руҳу равонамро ҳаз, В-аз лаъли равонбахши ту ҷонамро ҳаз. 41. Дар рӯзи ҷудоӣ ғами дилсӯзи видоъ, В-он оташи ҳаҷри шӯълаафрӯзи видоъ, Сад ғуссаи муҳлики ғамандӯзи видоъ, Нобуд намуданд маро рӯзи видоъ. 42. То шуд ба дарун оташи ҳиҷрон воқеъ, В-он гаҳ зи бурунам ашки ғалтон воқеъ, Шуд саъй бад-он чи буд имкон воқеъ, Он шӯъла ба об кушта натвон воқеъ. 43. Эй з-оташи савдои ту доғам бар доғ, Дар шоми ғам аз сипеҳрам афзунтар доғ, Бигзашта дарун ҳам аз бурунам ҳар доғ, Оё ба куҷо ниҳӣ кунун дигар доғ? 44. Эй, қатли маро кашида мижгонат саф, Ҳар тире аз он ҷони маро карда ҳадаф, Ҷуз он ки дар он варта шавад умр талаф, 3-он саф натавон рафт бурун ҳеҷ тараф. 45. Ёрон чу кашанд дар баҳорон маи соф, Ман гарчи зи зӯҳду тавба беш орам лоф, Дорандам агарчи май бад-он ҳарза маоф, Дар олами ёрӣ набувад аз инсоф. 46. Муҳлик бувад, эй рафиқ, айёми фироқ, Омехта заҳри ҳаҷр дар ҷоми фироқ. Гар субҳи висолам дамад аз шоми фироқ, Номам мабар, ар дигар барам номи фироқ. 47. То монд қазо бар сари ман афсари ишқ, Дар баҳри дилам сохт ниҳон гавҳари ишқ, 3-он афсарам афтод ба каф кишвари ишқ, 3-он гавҳарам афрӯхт ба дил ахгари ишқ. 48. Дар дайри муғон муғбачагони чолок, Карданд маро ба бода масту бебок, Махмуриям афканд чу бар хок ҳалок, В-он гаҳ нагирифтанд ба май хирқаи чок, 49. Эй соқии шанг, деҳ маи оташранг, К-ӯ об кунад агар чакониш ба санг, Афтода гарон санги ғамам дар дили танг, Шояд сабӯкаш кунам бад-ин ҳилаву ранг. 50. Дар оташи ишқ ҷисму ҷонам маҳу сол, Он навъ расонад варзиши худ ба камол. К-андар дӯзах агар фитам бошад ҳол, К-аз дӯзахи ҳаҷр сӯи фирдавси висол. 51. Сарришта зи аҳли зуҳд бигсил, эй дил, Дар дайри фано бисоз манзил, эй дил, Ҷуз мутрибу май маҷӯй ҳосил, эй дил, Як-як гуфтам, гӯш кун, эй дил, эй дил! 52. Огоҳ нагаштам, ки дар ин дайр киям, Ё худ чиям в-аз чияму баҳри чиям? Маълумам не, ки одамӣ ё заминам, Бо хоки замин зи ман чӣ сон одамиям? 53. Аз меҳнати ошиқӣ ба ҷонам, чӣ кунам? Девонаву расвои ҷаҳонам, чӣ кунам? Сабр аст маро чораву донам, чӣ кунам? Донам чӣ кунам, чун натавонам, чӣ кунам? 54. Эй, хоки ту тарфи кулаҳи подшаҳон, 3-он рӯ, ки туӣ подшаҳи каҷкулаҳон. Барқе зи рухат бар хаси ин ҷисми ҷаҳон, В-аз кашмакаши аҳли ҷаҳонам бираҳон. 55. Эй дил, рӯзат тира шуд аз аҳли замон, 3-он сон, ки бувад шабат ҳамон, рӯз ҳамон. Аз ҷабри замон чу як замон нест амон, Гар хоҳӣ амон, ҷоми май аз даст намон. 56. Дар ҳаҷр макӯш, эй парипайкари ман, Андеш зи сӯзи дили ғампарвари ман, Дӣ чун нафасе дур шудӣ аз бари ман, Рӯҳ аз тани ман париду ақл аз сари маи. 57. То субҳ аён кунад зиё шамъи Хутан, То рӯз бувад чароғи хур шаъшаъазан То шом бувад машъали маҳ нурафкан, Ё Раб, ки бувад чароғи умрат равшан. 58. Як шом гар он шамъи саодатпартав, Дорад маи кӯҳнаам ба дайр аз сари нав, Аз фикри хумори субҳи ӯ ранҷа машав, Гар баҳри ваям, ҷон гараву ҷома гарав. 59. Майхона, ки ҷоми лаълнок аст, дурд, Мастон аз ишқ ҷомачок аст, дурд, Ғам нест, зи ғам он ки ҳалок аст, дурд, Ҳар қатра зи май чу ҷони пок аст, дурд. 60. То даст ба домани яке кӯҳи шукӯҳ, Маҳкам кардам, дилам шуд аз ғусса сутӯҳ. Хоҳам, ки фишонда остин бар анбӯҳ, Ин дам гирам ба коми дил домани кӯҳ. 61. Дар фақр ҳар он чи дар сарат ҳаст, бинеҳ, В-он чиз бувад андар кафу дар киса, бидеҳ. В-он гаҳ коре, ки з-ин ду бошад ба даме(ҳ), Он шуд, ки зи ҳар чи оядат пеш, маҷеҳ. 62. Аз фикри муҳол, эй дили девона, Хоҳӣ ба ту ҳамхона шавад ҷонона. Он рашки парӣ чун шавадат ҳамхона, Чун хона туро нест ба ҷуз вайрона. 63. Эй рӯи ту, кавкаби ҷаҳонорое, В-эй бӯи ту ашҳаби равоносое, Бе мӯи ту, ё Раб, чунон фарсое, Гесӯи ту чун шаби фиғонафзое. 64. Гар заҳри ғамам кунад ҳалок, эй соқӣ, Тарёки маям диҳӣ, чӣ бок, эй соқӣ? Дил шуд чу зи тавба ҷурмнок, эй соқӣ, Он ҷурм ба бода шӯй пок, эй соқӣ! 65. Дар дайр гарат ҳавост нӯшидани май, Бо муғбачагон ба лаҳни чангу дафу най. Мумкин набувад агарчи бошӣ Ҷаму Кай, Бе ҳиммати пири дайру бе рухсати вай. 66. Пуршӯхӣ аз ин ишвагарон, эй соқӣ, Пинҳонӣ ҳастам нигарон, эй соқӣ, Пур соз сабук ратли гарон, эй соқӣ, Беҳушам кун чун дигарон, эй соқӣ. 67. Дар майкадаи ринду шон, эй соқӣ, Бурданд чу маро кашон-кашон, эй соқӣ, Хоҳӣ, ки шавам зи майкашон, эй соқӣ, 3-он май, ки кашӣ, ба ман чашон, эй соқӣ. 68. Дар фасли хазон барги разон, эй соқӣ, Шуд коргаҳи рангразон, эй соқӣ, 3-он май, ки хӯрӣ, диҳам аз он, эй соқӣ, То нӯшам аз он мазон-мазон, эй соқӣ. 69. То моили ҷоҳи олами дун бошӣ, Ҳар лаҳза чу зи андӯҳ дигаргун бошӣ, Хоҳӣ зи Ҷаму Сикандар афзун бошӣ, Бе Оинаву Ҷом, бигӯ, чун бошӣ? 70. То сокини кӯи бенишонӣ нашавӣ, Шоистаи асрори ниҳонӣ нашавӣ, Мақрун ба ҳаёти ҷовидонӣ нашавӣ, То аз асари вуҷуд фонӣ нашавӣ. 71. Эй, он ки дар ин дайри фано дар бандӣ, Бар худ тааби роҳи бақо барбандӣ! Бо ҷоҳи ҷаҳони бевафо хурсандӣ, Гар шоҳи замонаӣ, ки ҳоҷатмандӣ. 72. Лоф аз дониш нест ба ҷуз нодонӣ, Донистани ҷаҳл илм шуд, то донӣ, Мушкил ба худат кор чаро гардонӣ, Чун бошад як нею ҳазор осонӣ. | 1. То дилда куч-Қувват, То баданда руҳдан нишон бор эди, Дил дилбар ҳуснига мойилу Жон жаҳонга фитна солувчига мафтун эди. 2. Эй, юзингдан кўз гулшани гулу лолага сероб, Чеҳранг чироғидан кўз маскани равшан, Агар юзинг туфайли кўз қорачиқлари ёришмаса, Кўзнинг икки ёруғ машъали зулмат ичида қолади. 3. Эй, сенсиз менинг сабримда нуқсондан бўлак нарса йўқ Ғамингдан дилда ҳижрон аламидан бўлак нарса йўқ, Жонда ҳам маҳрумлик машаққатидан бўлак нарса йўқ, (Бинобарин, менда) сабр ҳам, дил ҳам, жон ҳам йўқ. 4. Эй (шаънига) ҳар нафасда ҳад-ҳисобсиз ҳамду сано (айтилувчи Зот), Бундан юз чандон кўп ҳамду санодан-да мустағнийсан. Фано дайридаги фаришталар зикри: «Эй пок Худо, (сенинг илминг баробарида) бизда илм йўқ, дейишдан иборатдир. 5. Томнинг (бир) четидан ой юзли (дилбар) нинг юзи (кўринди), Офтобда уни кўрмаган бўлса, ажаб эмас. Эй санам, икки қошинг акси юзимга тушиб, У қиблани кўрсатувчи компас (қибланамо) га ўхшаб қолди. 6. Эй, (бу) барча сармастлигимиз лабинг майи туфайлидир, Бизнинг оёқ остида хорлигимиз сарв каби баланд қаддинг туфайлидир. Агар сенинг хаёлинг ҳамроҳимиз бўлмаганда, Борлиғимиз йўқлик (олами)дан айри тушар эди. 7. Тонг насимидан (димоғимга) сенинг исинг келди, Боғдан куйинг жилваси намоён бўлди. Гулни кўрдиму, у менга юзинг аломати бўлиб кўринди, Лекин менга тийнат-табиатинг маълум бўлмади. 8. Бекаслик ва беморлик туфайли аҳволим танг бўлиб, Шомдан то саҳаргача нола-афғон чекаман. Айрилиқ дастидан оғир кунларга қолдик, Эй ёр, (аввалги) у барча ёрлик (дўстликларинг) қаёқда қолди? 9. Жоним сенинг жон бағишловчи икки лабингга фидо, Руҳим сен томондан эсадиган муаттар насимга фидо, Ошиқ кўнглим сенинг ишваларингга фидо, Хаста жисмим оёғинг тупроғига фидо. 10. Ул ой юзлининг ишқи ҳаваси (кўнглимга) тушгандан буён Кўз ёшларим дарё бўлиб, жигарим қонга тўлди. Осмондаги қушлару дарёдаги балиқлар Бу ранжу машаққат ичра қолган ҳолимга йиғлаши (шубҳасиз). 11. Бу кеча сенинг ҳажрингда ишим изтироб (чекиш) бўлди, Бетоқатликдан (ҳатто) жоним чиқиб кетишига сал қолди. Айрилиқдан жисм жуда азобда қолди, Бу кўнгилнинг аҳволи қанчалик ёмон бўлганлигини шундан ҳам билса бўлади. 12. Юлдузлар кўз ёшим дарёсининг мавжларидир, Йўқ-йўқ, бу ҳол (бундай офарин иш) мақсадга мувофиқ эмас. (Бу кўз ёш) дарёсининг осмони юлдузлар туфайли шуълаланиб, Гирдоб бўлмаса-да, деворга айланиб, (мени сендан тўсиб қўйди). 13. Талаб тариқини такаббур (кишилар)дан талаб қилма, Бу хилдаги ҳаёт тарзини (шу йўлга кирган) ниёзмандлардан ўзгадан талаб қилма. Зуҳд аҳлидан бенақшликни кўп ҳам талаб қилма, Бу нақшни нақшбандлардан бошқадан талаб қилма. 14.Дўстдан айрилиб, ғурбатга тушдим, Заифлик шиддатидан ўлимга яқинлашдим. Бир яқиним йўқки, бу хаста бошига табибни бошлаб келса, Бир савобталаб йўқки, бу ғариб учун кафан изласа. 15. Ҳар лаҳза қисматдан жафо етса, Замона ҳодисаларидан бало етса, Ул ойдан вафо етиш эҳтимоли бўлса, Бош унинг сочидек оёқ остига тушса ҳам ғам йўқ. 16. Қачонгача ситаму ҳижроннинг машаққатини тортаман? Кошки (сени) бир кеча байт ул - аҳзон — ғамхона уйимга тортсам эди. Вайрона дилнинг ички чокидан тортиб, Ўша лаҳза дилдан жон хилватхонасига тортиб кетсам эди. 17. Сенинг паришон зулфингга боғланмаган дил йўқ, Ҳижронингда саргардон бўлмаган жон йўқ. Дилинг сенга тегишли эмас, у менинг. (мулким) дейсан, Бу билан гўё жон меники, сенинг (ўз) жонинг йўқ (дегандай бўласан). 18. Биллур қадаҳ ичра май ёқутдай товланади, Агар (у менга) муяссар бўлса, кечаю кундуз насибам ўша бўлади. (Чунки) то кекса фалак билан қартайиб кетган осмон мавжуд экан, Ақл ва ҳисларим ҳайрон(лик домидан) қутулмайди. 19. Заифлигимга у қилдек ингичка бел сабаб, Ўлимимга у қора зулф сабаб, Умримга у дилга хуш ёқувчи қомат сабаб, Жонимга у сўзловчи лаб сабаб. 20. Сеҳргарлик ҳунари (сенинг) кўзинг туфайли ривож топди, (Кўзинг бу борада) Бобилу Кашмирдан бож олади. Айёр каби баъзида ғорат қилиб, Худди бошдан тожни олган каби танлардан бошни жудо қилади. 21. Соқий, мен ғамгиннинг қошига қадаҳ келтир, У ҳар қанча катта бўлса ҳам кўтариб кел. Агарда бу қадаҳ айланувчи осмондек бўлса ҳам, Бир-икки симиришда уни бўшатиб, тўнкариб қўяман. 22. Ишқда жонон қошида беодоблик қилма, Бу худди қул султон олдида беодоблик қилганга ўхшайди. Дўст васлига етган (кишининг) беодоблик қилиши мумкин эмас, Оқил одобли бўлади-ю, нодон одобсиз. 23. Ошиқликда киши ҳамма нарсадан фориғ бўлса, Ақлу ҳушга боғлиқ бўлганидан кўра яхшидир. (Бу мазҳабда) қабулдан дам урган киши рад этилади, Яхшилик даъво қилган киши ёмонлик кўради. 24. Қуёш жилва кўргизди-ю, сен келмадинг, Сен кетганингда ҳам қуёш кўкда турган эди. Сенинг кеч келишинг-у жуда тез кетишингдан Дил қони кўзларим орқали юзимга тўкилади. 25. Мен хастага дилбардан мактуб келди, Бу мактубнинг вафодан баҳс этиши муқаррар. Менга йўл кўрсатувчи бу мактубни кўриб, йиғлаб юбордим, Ўзим ҳам қуйилиб келган кўз ёшидай қоғозга тўкилдим. 26. Чаманга баҳор насимининг карвони кириб келди, Юк ўрнига Чин нофасини тоза сунбул билан боғлаб олган. Наргис ғунчадан хурсандлик изҳор қилиб, Гўёки (сенинг) йўлингдан унинг кўзига ғубор тушибди. 27. Жонон, бир лаҳза ҳам кифтимдан қўлингни олма, Сўзлаганимда оғзимдан қулоғингни олма. Юзимдан юзингни олма-ю, бўйнимни қучоғингдан бўшатма, Жисмимдан жонимни-ю, танимдан ҳушимни олма. 28. (Эй) соқий, ўрнингдан тур, аччиқ сувдан эмас, Ёндиргувчи оташдан бир улкан қадаҳни тўлдириб, менинг қошимга келтир. (Май ичишдан) тавба қилганимни айтиб, узр сўрасам, (Майни аввал) енгингга солиб, кейин (ундан) бўғзимга қуй. 29. Соқий, қадаҳга шодлик майини қуй, Шаффоф майга пок юзинг акси тушиб турсин. Бас, (ҳар қанча) фитнаю ғавғо бўлса, мен — беғамнинг бошига сол, То унинг овозаси фалак гунбазига бориб етсин! 30. (Сен) кетдинг-у, ўшандан буён жисмим (минг бир азобда) ўртанади, Хаёлингдан ҳалигача кўзим ёшга тўла, Ишқинг оташида таним ҳалигача кабоб, Яна келки, ғамингдан дил ҳалигача харобдир. 31. (Сен) кетдинг-у, дил ҳалигача ғамингдан хаста, Сенинг хаёлингда кўзим ҳалигача ёш тўкмоқда. (Орқангга) қайтки, жон айрилиқдан ҳалигача зордир, Яна келки, дил ҳалигача сенга интизордир. 32. У пари каби гўзал маҳбуба менга сира ёр бўлмади, Бу ғам чекувчи дил у туфайли ҳеч шод бўлмади. Усиз нафасим ўти ҳаргиз пасаймади, Яъни сира яхши нафас олган эмасман. 33. Ҳаётимдан сира кўнглим тўлмайди, Нимаики қилган бўлмай, барчасидан пушаймонман. Ақлдан насибам фақат нодонлигу Ўз нодонлигимдан ишим доим ҳайронлик бўлди. 34. Илоҳий ҳусн жилва қилган у чеҳрага Қора зулфи орасидан қарадим. Камоли диққат билан боқиб, (шу нарсага амин бўлдимки), Бу юзни ой билан қуёшга нисбат бериб бўлмайди. 35. Ёмонлик кўрмай десанг, хушфеъл бўл, Одамлардан узоқлаш, дилинг ва юзинг бир бўлсин. Халқ қаёққа юрса-юрсин, сен бошқа ёққа юр, Яъни кишиларга қўшилма-ю, У (Ҳақ) билан бўл. 36. Замон аҳлидан (сенга) ҳар нимаки-етмасин; нолима, Азалдан белгиланган тақдирингга рози бўл-у уни ўзгартиришга беҳуда уринма. Эшитиш жоиз бўлмаган гап-сўзларга қулоғингни кар қил, Айтиш лозим бўлмаган ҳар қандай гапдан тилингни тий. 37. Агар Ҳақ сени ҳам ўзининг хос бандаларидан қилишини хоҳласанг, Аввало, ўзингни авом халқдан халос қил. Шундан кейин сидқу ихлос йўлнга кир, Ажаб эмас, хсслар сени ҳам эътироф этиб, ўз сафларига қабул қилсалар. 38. Дарвешлардан сенга файз етишини хоҳласанг, Сен ҳам ўзингдан уларга файз етказ. Агар шу тариқа у кўнгли мажруҳларга файз етказсанг, Ажаб эмас, сенга ҳам улардан зиёда файз етса. 39. Эй дил, ҳижоб остида эканлигини кўриб, Сен у хатни тоза мушк, деб айтма. У хат шомнинг офтобга мактубидир, Йўқ-йўқ, бу тўғри эмас, у хат сувга солинган нақшдир. 40. Эй, сендан бу нотавон кўнглим баҳра олади, Ҳуснингдан қон тўкувчи кўзим баҳра олади, Гўзал қаддингдан руҳу равоним баҳра олади, Жон бахш этувчи лабингдан жоним баҳра олади. 41. Жудолик кунида видолашувнинг дилга азоб берувчи ғами Ва унинг ҳижрон ўтини кучайтирувчи оташи, Унинг ўлимга олиб борувчи оғир ҳасрат-ғуссаси, (Охир-оқибат) мени ўша видоъ кунида ҳалок қилдилар. 42. Кўнглимни ҳижрон оташи куйдиргандан бошлаб, Кўзларим ёш тўкишга тушди. Имкон борича ҳаракат қилинди-ю, Лекин у ўтни сув билан ўчириб бўлмади (Яъни кўнглимнинг ўтини ўчиришга кўзимнинг ёши ожизлик қилди). 43. Эй, (сенинг) дардинг оташидан (кўнглимда) доғ устига доғ, Ғам шомида (бу доғдан) фиғоним фалакдан ҳам ошади. Ичим ҳам, ташим ҳам доғга тўлди, Энди бошқа доғ(лар)ни қаерга сиғдирасан? 44. Эй, (сенинг) киприкларинг мени ўлдириш учун саф тортганлар, Уларнинг ҳар бири (санчилиш учун) менинг жонимни нишонга олганлар. Бу бало майдонида энди умрим ниҳоясига етиши аниқ, Чунки бу сафни ёриб, ташқарига чиқиб бўлмайди. 45. Дўстлар баҳор фаслида тоза майни сузган чоғларида Мен зуҳду тавбадан ҳар қанча ортиқча лоф урсам-да, Агар менинг бу беҳуда вайсашларимга ишониб, мени майдан маҳрум этсалар, Дўстлик шартида бу инсофдан эмас. 46. Эй дўст, ҳижрон кунлари (кишини) ҳалокатга етказувчи бўлади, Фироқ жомига ҳажр заҳри омухта қилинган бўлади. Агар фироқ шоми висол тонгига етказадиган бўлса-ю, Мен фироқ номини тилга олсам, сен менинг отимни тутма. 47. Қисмат менинг бошимга ишқ тожини кийдирди-ю, Кўнглим дарёсига ишқ гавҳарини яширди. Бу тож туфайли ишқ мамлакатини қўлга киритдим, Бу гавҳар эса кўнгилдаги ишқ учқунини аланга олдирди. 48. Муғ дайрида чаққон муғбачалар Май бериб, мени масту бепарво қилдилар. Мастлик ғолиб бўлиб, тупроққа беланиб қолдим, Шу боис улар йиртиқ хирқамни манга айрибош қилмадилар... 49. Эй шўх соқий, оташ каби май тут, Томизсанг, у тошни сув қиладиган бўлсин. Тор дилимга ғамнинг улкан тоши тушган, Шояд шу йўл билан уни бир оз енгиллатсам. 50. Ою йиллар жисму жоним ишқ оташида (ёнади), Шу тарзда ўз машқини камолга етказади. Дўзахга тушсам ҳам, шу тахлит Ҳижрон дўзахидан висол жаннатига етиб оламан. 51. Эй дил, зоҳид кишилар билан (ҳар қандай) алоқа ипларини уз, Эй дил, фано дайрида манзил қур. Эй дил, чолғувчи ва майдан бўлак нарсадан бирор натижа кутма, (Барчасини) бир-бир айтдим, қулоқ сол, эй дил, Эй дил! 52. Бу дунёда ким эканлигимдан огоҳ эмасман, Ёхуд нимаману нимадан яралдиму нима учун яралдим? Маълум эмаски, одам авлодиданманми ё тупроқданми? Тупроқдан яралган бўлсам, мен қандай одамман (ўзи)? 53. Ошиқлик машаққатидан жоним азобда (қолди), нима қилай? Девонаю жаҳонга шармисор бўлдим, нима қилай? Бу дардимнинг чораси сабр эканини биламан, Лекин қўлимдан сабр қилиш келмаса, нима қилай? 54. Эй, сенинг ғуборинг подшоҳлар тожининг зийнати, Чунки сен гўзаллар шоҳисан. Юзинг шуъласидан жаҳоннинг хасдай жисмига бир учқун тушган, Жаҳон аҳлининг бу торта-тортидан мени халос қил. 55. Эй дил, замон аҳлидан кунинг қора бўлди, Шу сабабли кечанг қандай бўлса, кундузинг ҳам шундай. Замона жафосидан бир лаҳза осониш йўқ, Агар осойиш истасанг, май қадаҳини қўлингдан қўйма. 56. Эй пари пайкарим, мени ҳажрингда ўлдирма, Бу ғамга ботган дилимнинг ўтидан эҳтиёт бўл. Кеча бир нафас менинг ёнимдан узоқлашганингга Танимдан жон учди-ю, бошимдан ақл. 57. То тонгга қадар у Хўтан гўзалининг (юзидан) нур таралади, Қундузи бўлса, қуёш чироғи шуъла сочади. Шом кирса, ой машъали ёруғлик бағишлайди, Ё Раб, умринг чироғи ҳамиша равшан бўлади. 58. Агар у соадат бағишлўвчи маҳбуба бир шом чоғи Майхонада менга кўҳна майни янгидан тутса, Эрталабки бош оғриғи (сабуҳий) ташвишида табъимни хира қилмайман, Чунки унга жонимни ҳам, тўнимни ҳам садқа қилганман. 59. Майхонада май қуйқаси (дурд) жом ичида худди лаъл каби жилва қилади, У ўз ошиқларини масту телба қилади. Ғамдан ғам йўқ, чунки дурднинг ўзи ҳалок қилади, Бу дурднинг ҳар бир қатрасида бир пок жон яширин. 60. То қўлим билан улуғвор бир тоғ этагидан маҳкам тутдим, дилим ғуссадан танг келди. Жамиятга қўл силтаб, Дил амри билан шу тоғ этагини манзил тутишни хоҳлайман. 61. Фақр йўлида бошингда нимаики бўлса, улоқтириб юбор, Ва кафтингда-ю киссангда нимаики бор, бериб юбор. Агар шу икки ишнинг уддасидан чиқсанг, Яхши-ёмон ҳар нимага дучор бўлсанг-да, парво қилма. 62. Эй девона кўнгил, хом хаёлларга бориб, Жононанинг сенга ҳамхона бўлишини хоҳлайсан. (Ахир), париларнинг рашкини келтирадиган (у маҳбуб) сен билан қандай ҳамхона бўлсин, Чунки сенинг вайронадан бўлак бошпанинг йўқ-ку? 63. Эй, сенинг юзинг жаҳонни безовчи юлдузга ўхшайди, В-эй, сенинг бўйинг жонга роҳат бағишловчи хуш бўйдир. Худо ҳаққи, сенинг сочингсиз менда ҳаддан зиёд паришонлик юз берди, Сочинг қораликда (ошиқларнинг) оҳу фиғонига тўла тунга ўхшаб кетади. 64. Эй соқий, агар ғам заҳри мени ҳалок қилар экан, Дафъи дард сифатида май тутсанг, бунинг нима хавфи бор? Эй соқий, дил тавба қилиб, гуноҳкор бўлди, (Бас), бу гуноҳни май билан тозалаб юв. 65. Агар дайр ичра муғбачалар билан чанггу доираю най оҳанги остида май ичишни хоҳласанг, Агарда Жамшиду Кай (Хисрав) бўлсанг ҳам, Дайр пирининг ҳиммати-ю, рухсатисиз бу иш муяссар бўлмайди. 66. Эй соқий, бу ишвагарлардан кўра ўзинг ишвагарроқсан, Ўзингга пинҳона интизор бўлиб ўтирибман, Бу катта қадаҳни тезда тўлдириб кел-у, Мени ҳам бошқалар каби беҳуш қил. 67. Эй соқий, мени торта-торт қилиб, Риндлар макони бўлган майхонага олиб бордилар. Агарда менинг ҳам майхўрлар сафига қўшилишимни хоҳласанг, Сузаётган майингдан менга ҳам ичир. 68. Эн соқий, хазон фасли (куз) келиб, ток барглари тўкила бошлади, Менинг ҳам аҳволим шу баргларга ўхшайди. Ичаётган майинг ҳам ўшандан, эй соқий, Шуни кўз олдимга келтириб, ундан ичай. 69. То бу тубан дунё зиндонига мойил экансан, Унинг ғаму ташвишларидан ҳар лаҳза турланиб-тусланасан. Жамшиду Искандардан устун бўлишни хоҳласанг, Айт-чи, Жом ойинасисиз қандай қилиб бунга эришасан? 70. То бенишонлик кўйининг сокини бўлмай (яъни Ҳақдан бошқасини унутмай) туриб, Яширин сирларни билишга сазовор бўлмайсан, То вужудингни унутиб, фоний бўлмагунча. Абадий ҳаётга восил бўлолмайсан. 71. Эн сен, бу фано дайри (ўткинчн дунё)га аснр бўлган (киши), Тириклик ташвишлари сенга бақо йўлини боғлаб қўйибди. Бу бевафо дунёга асир эканлигингдан хурсандсан, Агар замона шоҳи бўлсанг-да, (Узига) ҳожатманд эканингни унутма. 72. Илму маърифатдан лоф уриш нодонликдан бошқа нарса эмас, Агар билсанг, нодонликни билишнинг ўзи илмдир. Нима учун ўз ишингни мушкуллаштирасан, Чунки битта «йўқ»дан мингта осонлик юзага келади. |