Топ рейтинг www.uz
СИТТАИ ЗАРУРИЯ

 I. «РУҲ-УЛ-ҚУДС»
1. Зиҳӣ ба хомаи қудрат — мусаввири ашё,
Ҳазор нақши аҷиб ҳар замон аз ӯ пайдо.
2. Чӣ хомаест, ки дар коргоҳи «кун фаякун»
Нагашта бе рақами ӯ зи қатра то дарё.
3. Чӣ қудратест, ки дар боргоҳи чархи баланд,
Нагашта бе сабаби ӯ зи зарра то байзо.
4. Мутеъи амри ту гар сифлияст, агар улвӣ,
Иёли ҷуди ту гар уммаҳот, агар обо,
5. Қавӣ ба лутфи ту гар худ заъиф, ағар азъаф,
Забун ба ҳукми ту гар худ қавӣ ва гар ақво.
6. Залили ишқи ту Маҷнун зи чеҳраи Лайлӣ,
Хароби ҳусни ту Вомиқ зи орази Узро.
7. Ба нури рӯи ту парвона гашта саргардон,
Валек шамъи шабистон ниҳода ном ӯро.
8. Ба нори шавқи ту булбул шуда чу хокистар,
Валек зеби гулистонаш карда васф адо.
9. Касе ба ҷоҳу ғино нест аз ту мустағнӣ,
Туӣ ганию мусаллам турост истиғно.
10. Чу соз кардӣ зи таркиби ҷисми инсонӣ,
Зи хок таъбия сохтӣ ба зебу баҳо.
11. Чу аз замин-ш бардоштӣ ба сад эъзоз,
Ба мартаба гузарондӣ зи торами хазро.
12. Ба хоки ҷисмаш борони раҳмат афшондӣ,
К-аз он мулоимат овард тинаташ пайдо.
13. Ба дасти ҳикмати худ карда тинаташ тахмир,
Се зидди дигараш афзуда аз аҷоибҳо.
14. Чаҳор зидро кардӣ ба якдигар таркиб,
Ки хоку оташ бувад он гаҳ об буваду ҳаво.
15. Зи устухону зи мух в-аз уруқ то аъсоб,
Зи лаҳму хуну работоту меъда то амъо.
16. Дигар димоғ, ки он шуд мақарри панҷ ҳавос,
Ки ботинӣ ба лақаб гуфтаандашон ҳукамо.
17. Дигар тиҳолу кабад, боз қалбу боз реҳ.
Дигар масонаву ғазруфу мурра боз кало.
18. Ба якдигар ҳама пайвасту чор табъ омад,
Ки хуну балғаму сафрост баъд аз он савдо.
19.Чу гашт пайкараш ороста ба зебоӣ,
“Нафахту фиҳӣ мин руҳӣ”*он будаш мабдо.
20. Ҳавоси зоҳирияш низ чун, ки кардӣ рост,
Зи нури ақл ба кохи димоғ тофт зиё.
21. Ғариб кишваре оростӣ зи шаҳри бадан,
Ки мулк то малакут он чи ҳаст, ҳаст он мо.
22. Дар ӯ нишондӣ дилро ба тахти султонӣ,
Ки шуд ба расми салотин хидеви мулкоро.
23. Хирад вазорати он шоҳро муайян шуд,
Гадову  шоҳу вазирон, камина банда туро.
24. Бас, он гаҳе ба улумаш чу раҳнамун гаштӣ,
Нахуст кардӣ таълими «алламал-асмо»*.
25. Зи илми маърифаташ чунки баҳравар кардӣ,
Малоикаш ба суҷуд омаданд абдосо.
26. Зи офариниши худ он чӣ кардаӣ мавҷуд,
Уюну баҳру ҷиболу нуҷуму арзу само.
27. Дар он аҷуба намудорӣ аз ҳама кардиӣ,
Амонататро ҳам додияш ба расми хифо.
28. Чу гашт мазҳари кул баъд аз он лақаб додеш,
Миёни мохалақаллоҳ олами кубро.
29. Чаҳор табъ ниҳодӣ ба вазъи гулшани даҳр,
Яке рабеъу дигар сайф, бас харифу шито.
30. Вазид чун ба гулистони даҳр боди рабеъ,
Намуд накҳаташ амвоти боғро эҳё,
31. Насими номия з-авсофи Исавӣ бар кард,
Сари гиёҳ чу явм-ун-нушур аз ғабро.
32. Ки дид пири фурӯрехта ба хоки замин,
Ки сар бароварад атфолсон ба нашъу намо.
33. Расад зи тифлиашон то шабоб зебу ҷамол,
Зи шири дояи аброн ҳама ба қуту ғизо.
34. Чу чанд рӯз бар ин рафт, додӣ орояш,
Зи шоҳидони раёҳин ба гулшани дунё.
35. Фурӯхт гул чу ҷавонони лоларух ораз,
Кашид сарв чу хубони нахлқад боло.
36. Бунафша бар гиреҳи турра баст марғула,
Суман ба ҷилва даровард орази зебо.
37.    Ба зулфи мушкин афганд тобҳо сунбул,
К-аз он салосил бетоб шуд днли шайдо.
38. Зи нисфи пӯсти норанҷ баҳри наргис шӯх,
Пиёла кардию ӯ маст гашт бе саҳбо.
39. Зи барги настаран он сон нуҷум бинмудӣ,
 Ки шуд кавокиби шеъро ба назди ӯ чу суҳо.
40. Чаман зи қомати сарв ар намуд раъной,
Ду рўй кардй ўро ҳам аз гули раъно.
41. Зи вазъи ғунчаи наргис намудй он ҳуққа,
Ки баҳри мурғи назар гашт байзасон маъво.
42.  Магар, ки қосиди гулзор шуд ҳамеша баҳор
Ки рангҳои зараш таъбияаст пайкосо.
43. Рухи чаманро аз хомаи қазо кардй
Зи лавн-лавн раёҳин чу гунагун дебо.
44. Рабеъи навбати хубии боғ чун гузаронд,
Чу барнахӯрда арӯсе зи ҳусну лутф сафо.
45. Фиканд оташи айёми сайф дар олам,
Чу барқи оҳ зи анфоси ошиқи шайдо.
46. Намуд дил зи раёҳин сӯи фавокеҳ майл,
Чу аз сароби сувар сӯи луҷҷаи маъно.
47. Либоси барг чу ашҷори боғро пӯшид,
Шуд аз намоиши ҳар як чу гунбади мино.
48. Шамол чун ба таҳаррук фикандашон омад,
Ба чашми ақл намудор сайру даври само.
49. Туюри ҳар як аз он чархро чу анҷум шуд,
Зи шох бар шох оянда бурҷ-бурҷосо.
50. Валек анҷуми собит шуда фавокеҳи у,
Ба бурҷи шох савобит мисоли побарҷо.
51. Намуда мисли шаҳоб он ки ӯ зи авҷи баланд,
Хати тавил кашон ӯ фитад сӯи габро.
52. Чу аз ҳарорати меҳр фикандӣ андар даҳр,
Ба сони кори сақар шӯълаҳои танфарсо.
53. Паи илоҷи вай аз меваҳои бори рутаб,
Мизоҷи инсонро сохтӣ қарини шифо.
54. Зиҳӣ ҳаким, ки бо ҳикмати ту Афлотун,
Бувад ба назди Фалотун чу бақлат-ул-ҳумқо.
55. Басо касон, ки зи пошандагони тухми амал,
Ҳазор хирмани водӣ зи мазраъи дунё.
56. Валек бастияшон ҳалқу баҳра пеш гирифт,
Ҳаме ба гоҳи ғизо хӯшачину донарабо.
57. Зи хони сайф ба маъмураи ҷаҳон чу расанд,
Ниъам ба шоҳу гадо лоюадду вало юҳсо.
58. Бад-ин ғаноими муфрит зи турктози ҳариф,
Сипоҳи бард, расонидӣ аз паи яғмо.
59. Чаман зи алвон шуд коргоҳи рангрезӣ,  
Ҳазор ранг зи ҳар ҷинс шуд дар ӯ пайдо.
60. Замин зи бӯстонафрӯз гашт хунолуд,
Зи теғи куфр ба-дон сон, ки тораки шуҳадо.
61.Хазон ба бӯстонафрӯз қатл кард он навъ,
Ки тоҷ аз сару сар шуд ҳаме зи ҷисм ҷудо.
62.Дурангии гули раъно падид шуд ба хазон,
Чу сохтӣ қалақи лолаи хитоиро.
63. Далел он ки дурангист кори гулшани даҳр,
Чи дар баҳору хазону, чи дар сабоҳу масо.
64. Ду рангу даҳ ранг чӣ бувад, ки ҳар варақ аз барг,
Нигошта ба дусад ранг шуд зи килки қазо.
65. Чу нахли мум шуд аз баргҳои рангоранг,
Бисоти боғ бад-он сон, ки коргоҳи Хито.
66. Расондӣ аз ақибаш тохттози сарсари дай,
Ки рафт як-як аз он ҳуллаҳо ба боди фано.
67. Саҳоби симфишои пардаҳои симобӣ,
Чунон кашид зи даври уфуқ ба рӯи ҳаво.
68. Ки меҳр гӯӣ ҳаргиз набуду гар ҳам буд,  
Ҳарорат аз асараш заррае набуд асло.
69. На балки буд яке пораи ях мудавваршакл,
Даруни соғари баста зи шиддати сармо.
70. Зи барф шуд кураи арз-байзаи кофур,
Дар ӯ фурӯ шуда гум гашт байзаи байзо.
71. Шуда ба гулшани ашҷор ҳар тараф урён,
Чу ҳиндувон ҳама аз турктози Чин ба ҷафо.
72. Шаб аз саводу дарозӣ чу гесӯи хубон,
Ба қатли ошиқ карда аён яди туло.
73. Чунон расондӣ шиддат зи барди дай, ки бимурд,
Аз он фусурдагӣ оташ чунон ки аҳли вабо.
74. Шито, чунон, ки дар ӯ мирад оташ аз шиддат,
Чи мумкин аҳли ҷаҳонро бувад нишони бақо.
75. Дигар зи боди баҳори ҳаёташон додӣ,  
Ки рафт рӯҳи наботӣ ба пайкари мавто.
76. Чунин, ки силсила бастӣ ба ҳалқу гардани давр,
Ҳаме ба давру тасалсул кашид ин аҷзо.
77. Ба сунъ нӯҳ фалак оростӣ сареъу рафеъ,
Дар ӯ кавокиби соир зи меҳр то ба суҳо.
78. Муқими манзили аввал нигори симтане,
К-аз ӯ расад ба шабистони даҳр нуру сафо.
79. Гаҳе чу орази хубон мудаввару рахшон,
Гаҳе чу қомати ошиқ ҳаме наҳифу дуто.
80. Ба ҳуҷраи дуввум андар қаламзани чобук,
Нишондӣ омада бар сар ба имлову иншо.
81. Мулоиме, ки барояд ба ранг ҳар гаҳ расад,
Ба сони об, ки зоҳир шавад ба лавни ино.
82. Ба манзари сеюмин шоҳиди тараннум соз.
Муқим кардию ӯ лек дар мақоми наво.
83. Ба соз карда аён нағмаҳои довудӣ,
Вале ба нутқ мисоли Масеҳ рӯҳафзо7.
84. Ба мулки чорумӣ маҳпайкаре фиристодӣ,
Ки Маҳ гадоӣ аз ӯ карда нақди нуру зиё.
85. Агар ба вазъ чу оинаи Сикандар8 шуд,
Вале ба шоҳвашӣ ҳукм ронда бар Доро.
86. Макони панҷум додӣ, ба теғзан кардӣ,
Ки аз маҳобати ӯ баст хун дили хоро.
87. Дами қатилаш гулгунаи узори аҷал,
Ҷисоми қотилаш оинаи ҷамоли бало.
88. Шашум маконро бо поксирате додӣ,
Ба нури шамъи саодат мунаввараш симо.
89. Ба риштаҳои таҳораташ донаи тасбеҳ,
Зи ҳуллаҳои саодаташ тайласону ридо.
90. Ба кутволии ҳафтум ҳисор кардӣ амр,
Бадеъ пайкари қатрон ниҳон қири лиқо.
91. Чу шахси ҳилмгарон ҷунбиш ончунон ки шуда,
Зи бурҷи ҳиснаш то дигаре ба муддатҳо.
92. Паи фурӯғи шабистони ҳаштумин кардӣ,
Ҳазор лӯъбате дар ҷилва, ҷумла маҳсимо.
93. Фарози ҷумла нӯҳум қалъа чун бино кардӣ,
Ба даври қалъа фигандй буруҷро марво.
94. Чу ҳиснро ба адад сохтӣ дувоздаҳ бурҷ,
Ки ҳар яке ба дигар нав гашт ҷилванамо.
95. Аз он дувоздаҳ шуд аввалин чарогоҳе,
Ки аз барои ҳамал гашт соҳаташ маръо.
96. Дигар яке ба гулу лола марғзори назаҳ,
Ки саври чарх хиромад дар ӯ зи баҳри чаро.
97. Чу хинги чарх бароростӣ зи баҳри хиром,
Ба зери зинаш кашидӣ зи пайкари ҷавзо.
98. Зи баҳри он ки ҳаме каҷравист шеваи чарх,
Чу чарх рутбаи харчанг сохтӣ воло.
99. Каноми дигаре оростӣ ба шавкату зеб,
Мақарри шер, вале манзиле зи гов ҷудо.
100.    Ба мазраъи дигар аз хӯша дона афшондӣ,
Нуҷум гашт ҳамон донаҳо бари доно.
101.    Паи кашидани ӯ рост сохтӣ каффа,
Ба ростӣ, ки ғалат нест, бар Худой раво.
102. Ба бурҷи дигар ақраб ба ҷунбиш овардӣ,
Чу каҷдуме, ки кунад хона дар қадим бино.
103. Фарози бурҷи дигар сохтӣ камонхона,
Ки чарх тири бало афканад сӯи дунё.
104. Зи саҳми новаки ӯ ҷаддиро рамонидӣ,
Ки ҷаст чун бузи кӯҳӣ ба авҷ аз он пайДо.
105. Ба далв Юсуфи хуршедро зи чоҳи уфук,
Бурун кашида накардӣ дар он мазиқ раҳо9.
106. Ба ҳут Юнуси маҳро расонда кардӣ амн,
Зи ҳодисоташ ҳарчанд бувад ранҷу ано10".
107. Бурун зи чарх ҳазорон-ҳазор хайли малак,
Паи ибодату тасбеҳ хонда ҳамду сано.
108. Зи Аршу Курсию Лавҳу Қалам аҷуба басе,
Падид кардию бар ақл аз он назора амо.
109. Расид кор ба ҷое, ки шаҳсувори русул,
Буроқ тохт бар он авҷ дар шаби Исро.
110. Бидодӣ аз карамат қурби «қоба қавсайн»аш,
Ки кӯфт кӯси ҷалолат ба авҷи «авъадно*.
111. Ба васли хеш расондӣ, ҷамол бинмудӣ,    
Бидодӣ, он чи талаб кард бе раҳину баҳо.
112. Навад ҳазор сухан гуфта боз гардондӣ,
Ки гарм буд зи сайри чунин ҳанӯзаш ҷо.
113. Заломи куфр зи рӯи замин барафкандӣ,
Ба ӯ чу равшан кардй шариати гарро.
114. Ба ҳикмати ту шудаш ҷумлаи милал мансух,
Чи дини Одаму чи Нӯҳу Исиву Мӯсо.
115. Ба авҷи қурбати хешаш чу роҳ бинмудӣ,  
Ба халқи олам шуд раҳнамои дини ҳудо.
116. Сабаб муҳаббати ӯву зуҳури сунъат буд,
Ки халқи мохалақаллоҳ сохтӣ ифшо.
117. Чунончи, ҳар чи бипӯшид хилъати хилқат,
Падид гашт ба як амри «кун»*, ки кардӣ адо.
118. Биниҳӣ камтар аз он метавонияш, ки кунӣ,  
Чунон набуд, ки набувад асар аз ӯ пайдо.
119. Аҷабтар он ки дигар сад ҳазор олам агар,
Бино кунию тавонӣ, ки созияш ҳаққо.
120. Ва гар ба ним нафас хоҳияш, ки нест кунӣ,
Равад ба камтар аз он низ сар ба сар ба фано.
121. Зи будашон на тафовут ба корхонаи сунъ,
Набудашон ҳам яксон ҷалолу қадри туро.
122. Бузургвор Худоё, ба ҳаққи тасбеҳат,
Ки зокиранд бад-он хайли олами боло.
123. Ба зоти покат, к-аш мисл набуваду монанд,
Ба файзи қудсат, к-аш шабеҳ набваду ҳамто.
124. Ба ҳурмати набиюллоҳ, ки ҳаст чун хуршед,
Ба фарри макраматаш хайли зарра ҷумла гуво.
125. Ки то муқайяди дори фано бувад Фонӣ,
Бидор сирати ӯ дар тариқи фақру фано11.
126. Чу мурғи рӯҳи вай аз маҳбаси бадан парвоз
Кунад намуда таваҷҷуҳ ба сӯи мулки бақо.
127. Ба рӯзи ҳашр, ки шоҳи русул барафрозад,
Паи шафоати аҳли хато ба Арш ливо.
128. Ба лутфи хеш чунон кун, ки ӯ фитад назараш
Ба сӯи бандаи осӣ чу чашми шаҳ ба гадо.
129. Бас он гаҳ аз вай бошад талаб зи ту бахшиш,  
Зи банда касби ҳусули мурод байнаҳумо.
130. Зи иқтизои қазо ин қасида шуд таҳрир,
Аҷаб набошад таърихаш аз «ҳисоби қазо».
131. Ба фикри ном чу рафтам саҳаргаҳ аз ҳотиф,
Хитоби исмаш «Руҳ ул-қудс» шуд аз ас.мо.
132. Умед он ки ба анфоси қудсиям бахшӣ,
Такаллуме, ки сароям паи ту ҳамду сано.
































 I.    РУҲ УЛ-ҚУДС» (МУҚАДДЛС РУҲ)
1. Ашёларга сурат берувчи (Аллоҳнинг)
қудрат қаламига тасанноким, ҳар замон
ундан минглаб ажойиб нақшлар пайдо бўлгай.
2.  Ажиб қаламдирки, (Ҳақнинг) «Бўл!» деса
бўладиган санъатхонасида   қатрадин
дарёгача унинг рақамисиз пайдо бўлмаган.
3. Ажаб қудратдирки, юксак чарх қасрида
қуёшдан энг кичик  заррагача ўша
қудратсиз вужудга келмаган.
4. Сенинг амрингга   тубанлар ҳам, улуғлар
ҳам муте, боболар ҳам,  момолар
ҳам сенинг саховатинг туфайли
яратилдилар  (зурриётлар қолдиришди).
5. Сенинг марҳаматинг билан ожиз ва жуда заиф
бўлганлар қувват пайдо қилади.
Сенинг ҳукминг билан қудратли ва жуда кучли
бўлган ҳар қандай нарса забун (ожиз)га айланади.
6. Лайли чеҳрасида Сенинг   ишқингни кўрган
Мажнун нотавону  Узро оразида Сенинг ҳуснингни
кўрган Вомиқнинг ҳоли харобдир.
7. Сенинг жамолинг нурига парвона саргардон
бўлди, лекин унга шамъи шабистон
(тун зулматини ёритувчи шуъла) деб ном қўйдилар.
8. Сенинг шавқинг ўтидан булбул ёниб гўё кул бўлди,
аммо унга гулистоннинг зийнати деб таъриф бердилар.
9. Мансабдору ғани (мулкдор) бўлган ҳар
бир киши сенга ҳожатманд. Ҳақиқий ғани
Сенсан. Бошқаларга муҳтож бўлмаслик
(эҳтиёжсизлик) фақат сенга мусаллам (хосдир).
10. Инсон жисмини турфа таркиблардан яратдинг.
Аъзоларини тупроқдан жой-жойига
қўпиб, зебо ва бебаҳо қилиб ясадинг.
11. Юз эъзоз-эҳтиром ила ердан (тупроғини) кўтардинг
ва кўк гумбазида юксак мартабага ўтқаздинг.
12. Тупроқдан яралган жисмига раҳмат
ёмғирини ёғдирдинг. Шунинг учун феъл-атворида
мулойимлик пайдо бўлди.
13. Ўзингнинг ҳикматли қўлинг билан хилқатини қордингэ
*.
Қолган уч зид унсурлар ўзга ажойиботлардан кўпайди.
14. Тўрт бир-бирига зид унсурларни ягона таркиб (инсон вужуди)га
бирлаштирдингки, улар тупроғу олов ва суву ҳаво эди.
15. Суякларнинг    илигидан туклару асаб торларигача,
(баданнинг) лаҳм гўшту қону зардобу ошқозон ва
қорин ичидаги аъзоларни бир-бирига боғладинг.
16. Яна ҳакимлар ботиний аъзо атаган димоғдурким,
у беш ҳис этувчи воситаларнинг қароргоҳидир.
17. Яна талоқу жигар, яна қалбу яна бод (ел), яна бавл (сийдик) 
халтачасию бурун кемирчаги ва (ўт) сафро ва савдоларни (барпо қилдинг).
18. Ҳаммаси бир-бирига пайваста 
(боғлиқ)  бўлиб тўрт хилт келди:
Булар қону балғаму сафро, ундан кейин савдодир.
19. Сурати гўзал қиёфада пайдо бўлгандан сўнг
(инсонга), ўз (даргоҳингдаги) руҳдан жон ато
қилган мабдаъ (маншаъ) ҳам Узингсан.
20. Зоҳирий ҳис-сезгиларни ҳам   (Ўзинг)  тиклаганингдан
кейин ақл нуридан димоғ қасрига зиё шуъласи таралди.
21. Бадан шаҳридан ажаб бир мамлакат бунёд этдинг,
мулкдан то малакут (фаришталар олами)гача
нима бор бўлса, ўшалар унда ҳам бордир.
22. Унда  (бадан шаҳрида)   юракни подшоҳлик
тахтига ўтқиздинг, султонлик расмида мулку
мамлакатнинг соҳиби бўлди.
23. У шоҳнинг (юракнинг) вазири бўлиб, ақл тайинланди.
Гадою шоҳу вазирлар барчаси Сенинг камтарин бандаларингдир.
24. Унинг  (Одам Атонинг)  илм ўрганиши
учун раҳнамолик қилган чоғингдаёқ, дастлаб
барча исмларни унга (Ўзинг) таълим бердинг.
25. Ўзинг уни маърифат илмидан
баҳраманд қилдинг, шунинг учун малоикалар
қуллардай унга сажда қилдилар.
26. Яратган   махлуқотларингдан мавжуд
бўлган барчасини; булоқлару денгиз, тоғлару
юлдузлар, еру осмонларни.
27. Ўша мўъжизалар (ажойиботлар) оламида
ҳамма нарсани намойиш қилдинг ва махфий
тарзда омонатингни ҳам унга топширдинг*.
28. (У инсон) мазҳари кулл (барча нарсани
ўзида зоҳир қилувчи вужуд)га айланди, сўнгра
Аллоҳ яратган нарсалар ичида унга олами кубро
(катта олам) деб лақаб (ном) берилди.
29. Тўрт табиат (фасл)ни даҳргулшани дажорий
этдинг: бири баҳор, бошқаси ёз, яна кузу қишдир.
30. Даҳр гулистонида баҳорий шамол эсиши
билан, табиатнинг (боғнинг) ўлик танига жон кириб,
(тўрт томонга) хушбўй ҳидлар таралди.
31. Шамол гиёҳларга Исо нафасини келтирди
(яъни, ҳаёт нафаси эсди) ва гиёҳлар қиёматда қайта
тирилган жасадлардек бошларидаги тупроқни ёриб, униб чиқдилар.
32. Афтодаҳол чол ер тупроғида ажиб манзарани кўрди:
гиёҳлар болалар каби нашъу намо топмоқ учун ердан бош кўтармоқда.
33. Болаликдан шабоб (йигитлик) айёмига қадар
уларга зебу жамол етади, барча таомларию озуқалари
доялик қилувчи булутларнинг сутидандир.
34. Бир неча кун Сен шу тариқа райҳонлар
шоҳидлигида дунё гулшанига оройиш бердинг.
35. Лола юзли жононлардай гул ҳам ўз оразини сотди.
Сарв эса ниҳол қадли гўзаллардан қоматини юқори кўтарди.
36. Бинафша ўрилган сочларининг атрофида жингалакчалар
боғлади. Суман гўзал оразини жилвага солди (жилвагар қилди).
37. Сунбул мушкин зулфини тоблади, бундай
силсиладан шайдо диллар бетоб бўлдилар.
38. Шўх наргис учун яримта норанж (апельсин)нинг пўстидан
пиёла қилдингки (тўлдирдингки), у қадаҳиз ҳам маст бўлди.
39. Настарин (шохчаларида ғужум-ғужум очиладиган
оқ гул) баргида шундай юлдузларни кўрсатдингки, гўё
ёруғ юлдузлар тўплами унинг наздида хира юлдузга ўшаб қолди.
40. Чаман сарв қоматидан раънодай жилваланган бўлса,
уни раъно гулидан икки юзли (икки хил рангли) қилиб қўйдинг.
41. Наргис ғунчаси тузилишини ҳуққа (оғзи
пардозланган гўзал халтача) дек намоён қилдинг, назар
қушига тухум қўйилган ошёндек кўринди...
42. Магар, баҳор ҳамиша   гулзор хабарчисига айланди,
табъидаги заррин ранглари хабарчиликдан нишонадир.    
43. Тақдир қалами билан чаман чеҳрасини ранг-баранг
райҳонлар ила пардозланган нафис матодек қилдинг.
44. Баҳор боғдаги кўркамлик навбатини шундай
ўтказдики, унда ҳусну лутфу сафосини (поклигини)
йўқотмаган келинчакдай манзара сақланди.
45. Ёз мавсумининг оташи оламга шундай тушдики,
у шайдо ошиқлар нафасидан чиққан «оҳ» чақинини эслатарди.
46. Кўнгил райҳонлардан мевали боғ томонга,
саробли суратлардан маъно қатламига майл кўрсатди.
47. Барглар либоси боғ дарахтлари устини ёпди, ҳар бирининг
товланиши (кўриниши) феруза осмон гунбазидек намоён бўлди.
48. Шамол дарахтларни шундай кучли ҳаракатга
келтирдики, ақл кўзига еру осмон айлангандек бўлди.
49. Дарахтлардаги ҳар бир қуш чарх юлдузлари кабидир,
шохдан шохга ўтишлари юлдузларнинг
бурждан буржга ўтишларига ўхшайди.
50. Валекин дарахт мевалари собит юлдузлардек
шох буржларида барқарор, оёқда мустаҳкам тургандек туришарди.
51. Улар  (мевалар)  юксакликдаги учар
юлдуздек узун хат тортиб ерга тушиб кетарди.
52. У даҳр ичига қуёш ҳароратидан шундай оташ
солдики, жаҳаннам олови шуълаларидай танни
толиқтирувчи иссиқлик вужудга келди.
53. Унинг  (баланд ҳароратнинг)  иложини
қилиш учун янги пишган меваларни инсон
мизожига мувофиқ шифо қилиб қўйдинг.
54. Қандай улуғ  ҳакимсанки,  Афлотун ҳам,
Сенинг ҳикматинг олдида семиз ўтдай гапдир.
55. Орзу-ҳавас уруғини сепувчи анчагина кишилар
дунё экинзори водийсининг минглаб хирмонига эга бўлдилар.
56. Бироқ улар (хирмон кўтарганлар) егулик ва
фойдага боғланиб қолдилар ва ҳаммалари баъзида
озуқа учун бошоқ терувчию дона тортувчи бўлдилар.
57. Ёз мавсуми дастурхонидан    жаҳонга маъмурчилик
етди ва шоҳу гадога беадад ва беҳисоб неъматлар туҳфа қилинди.
58. Бу беҳисоб ғанимат неъматларга куз фаслининг ғоратгар
совуқ лашкарларини талон-торож қилиш учун етказдинг.
59. Чаман алвон рангдан бўёқчилар корхонаси тусига кирди,
ҳар бир жинсдаги   нарсаларда   минг хил ранг жилоси пайдо бўлди.
60. Ер, гултожихўрозлардан қонга бўялди, гўё кофирлар
тиғидан шаҳид бўлганлар бошини эслатарди...
61. Хазон гултожихўрозларни шундай қатл (йўқ) қилдики,
гўё тож бошдан, бош танадан жудо бўлгандай ҳолат вужудга келди.
62. Раъно гулининг икки хил кўринишда товланиши
хазон пайтида равшан бўлиб қолди, Хитой лоласини
ҳам шундан беқарор (ўзгарувчан) қилиб ясадинг.
63. Даҳр гулшани ишининг икки рангда кўриниши
(саботсизлиги) баҳору хазонда ҳам, саҳару
шомда ҳам намоён бўлиб қолди.
64. Икки рангу ўн ранг нима бўлибдики, баргнинг
ҳар бир варағида қазо (тақдир) қалами билан
икки юз ранг акс эттирилгандир.
65. Боғ биссти (тўшамаси) ранг-баранг
барглардан мумли дарахтларга ўхшаб қолди,
гўё бу манзара Хитой нигорхонаси кабидир.
66. Хазон ортидан қишнинг совуқ ва кучли  
шамолини етказдинг. гулли, нозик матони эслатувчи
ўша (нафис) япроқларни бирин-кетин фано шамоли олиб кетди.
67. Кумушранг булутлар симобий пардаларни
уфқ атрофидан ҳаво юзига қалин қилиб тортди.
68. Меҳр  (қуёш) бор бўлса ҳам гўё асло мавжуд
бўлмагандек, ҳароратидан заррача асар қолмаган эди.
69. Балки айлана (юмалоқ) шаклдаги бпр парча
муз бор эдию, у ҳам совуқ шиддатидан қадаҳ
ичида банд бўлиб қолгандай турарди.
70. Қордан ер курраси оппоқ тухум тусига
кирди, унда байза (қуёш) байза (тухумдек оппоқ
ер курраси)га сингиб, ғойиб бўлиб кетди.
71. Дарахтлар гулшани ҳар тарафдан яланғоч
бўлибқолди, улар (дарахтлар) Чин босқинларидан
жафо чеккан ҳиндуларга ўхшарди.
72. Тун қоралиги ва узунлиги билан гўзаллар сочидай,
ошиқлар қатлига узатилган узун қўлни эслатарди.
73. Қишнинг совуғидан шундай шиддат етказдингки,
вабодан ҳалок бўлган одамлар каби сўлғинликдан олов ҳам сўнди.
74. Қишнинг шундай шиддатли ҳолатидан олов сўнгач,
жаҳон аҳлида бақо (яшаб қолиш)га умид бўлиши мумкинми?
75. Яна баҳор шаббодасидан уларга ҳаёт берасан,
ўсимликларнинг ўлик жисмида яшаш руҳи уйғонди.
76. Даврнинг бўғизу бўйнига шундай занжир боғладингки,
барча бўлак-бўлак нарсаларни атрофига занжир ҳалқаларидай тортди.
77. Қудратингдан тўққиз фалакни тез ва юксак даражада
оро бердинг, унда (тўққиз фалакда) юлдузлар, қуёш
(меҳр)дан то Ҳулкар туркумидаги хира юлдузгача сайр қилиб юради.
78. Аввалги манзилнинг муқими бир кумуш танли нигор
(ой) дурки, ундан даҳр тунининг зулматига нур ва сафо етади.
79. Баъзан у (ой) гўзаллар чеҳрасидай мудаввару
(юмалоқ) порлоқ, гоҳида ошиқлар қоматидай роса озғину эгикдир.
80. Иккинчи ҳужра ичида имлою иншо учун чаққон
қалам урувчи котиб юлдуз — Аторуд (Меркурий)ни ўтқиздинг.
81. У ҳар доим ранг истаб чиққанида, идиш рангида
намоён бўлувчи сувдек мулоим рангларга эришади.
82. Учинчи манзара (фалак)га шоҳид сифатида созанда
— Зуҳра (Чўлпон юлдузи)ни муқим қилдинг, лекин у наво мақомидадир.
83. Созда Довуд (пайғамбар)дай нағмаларни аён қилади,
валекин нутқда Масиҳдай руҳ бағишлайди.
84. Тўртинчи мулкка (манзилга) бир моҳпайкар
(Қуёш)ни юбордингки, Ой ундан гадойлик қилиб, нуру зиё ундиради.
85. Агар кўринишда Искандар ойнасидай (зебо) бўлди,
аммо шоҳликда Дорога ҳукм юритарди.
86. Бешинчи маконин тиғ урувчи  (Миррих юлдузи)га
бердинг. Унинг қўрқинчли кўринишидан
хатто тошнинг қалбидаги қон ҳам қотиб қолди.
87. Улдирувчи нафаси — ажалшшг гулгун узори,
қотил жисми бало оинасининг жамолидин.
88. Олтинчи маконни бир пок сийрат —Муштарий
(Юпитер сайёраси)га бердинг. унинг саодат
шамъи нури билан чеҳралар мунаввардир.
89. Унинг таҳорати    ришталарига  тасбиҳ  
доналарини (жойладинг), Саодат ҳуллалари
(нафис матоси)дан бошу бўйнига солиб юриладиган чодир этдинг.
90. Еттинчи қаср (қалъа) соқчиси — Зуҳал
(Кайвон сайёраси)га амр қилдинг, гўзал қора
жуссасига тим қора чеҳрасини яширди.
91. У сабрли кишилардай шундай секин ҳаракат
қиладики, қалъанинг бир буржидан бошқа
буржига қадар узоқ муддатда етиб боради.
92. Саккизинчи (фалак) шабистонини
ёритиш учун минглаб ой юзли ўйингоҳ
(юлдузларни) жилвасоз қилдинг.
93. Барчасидан юқорида тўққизинчи қалъани
(осмонни) бунёд қилдинг, ўша қалъа атрофида
яхши ният билан буржларни бунёд этдинг.
94. Қалъага ўн икки адад бурж ясадинг, уларнинг
ҳар бири ўзгача навда жилваланадиган бўлди.
95. Ана ўша ўн икки  (бурж)дан дастлабкиси,
ҳамал (қўй буржи) учун ўтлоқ майдонига айланди.
96. Яна бошқа бири гулу лолаларга сероб покиза чаманзорки,
чарх саври (ҳўкиз буржи) унда ўтлаш иштиёқида сайр этади.
97. Чархнинг бўз отини хиром қилиш учун ясантирганингда,
эгари остида жавзо (ёнма-ён) турган икки қиз) кўринишидан (нусха) чиздинг.
98. Чархнинг ҳамма қилмишлари кажравликдан иборат бўлгани учун ҳам
чархдай қисқичбақа  (тўртинчи бурж) мақомини ҳам юксак қилдинг.
99. Бошқасининг  манзилини   шавкату  зеболикда 
безадинг, валекин Шернинг қароргоҳини Ҳўкиздан айри қилдинг.
100. Бошқа бир экинзорда Бошоқдан дона сочдинг,
донолар наздида улар (доналар) юлдузлардир.
101. Уни (доналарни) тортиш учун рост тарозу (мезон)-ни
ясадинг, ростликда Худо йўлида ғалат асло мумкин эмас.
102. Эски бинода ўзига ин қурган чаёндай бошқа
бир буржда ақрабни (чаённи) ҳаракатга келтирдинг.
103. Чарх дунёнинг турли тарафларига бало тиғини ёғдирсин деб,
бошқа бир баланд буржда камонхона (ўқ отиш майдони) ясадинг.
104. Унинг (камоннинг) ўқи хавфи билан жадйи (буржини)
ҳуркитдинг, у тоғ эчкисидан сакрагани учун ҳам юксакда пайдо бўлди.
105. Қовғада уфқ чоҳидан қуёш Юсуфини
тортиб олиб, бошқа у тор ерга йўлламадинг.
106. Катта балиққа (Ҳутга) ой юзли Юнусни етказиб, осойишта қилдинг,
гарчи бундай ҳодисаларнинг ҳар қанча ранжу машаққатлари бўлса ҳам.
107. Чархдан ташқарида минг-минглаб фаришталар тўдаси,
ибодату тасбеҳ илинжида ҳамду сано айтадилар.
108. Аршу Курсию Лавҳу Қаламдан кўп ажойиботлар, ошкор қилдингу,
аммо уларга назар солишда ақл-(нинг кўзи) кўрдир.
109. Иш шу жойга етдики, пайғамбарлар шаҳсувори
(Муҳаммад алайҳиссалом)нинг буроқи Исро (меърож) кечаси
тун зулматида ўша авж юксакка (ҳузурингга) қараб югурди.
110. Беҳад карамннгдан ҳазрат пайғамбарга «қоба қав-санн» —
икки қош оралиғидаги масофадай яқинлик бердинг. Улуғлик ноғорасини,
«ав адно» — балки, икки қош орасидаги масофадан ҳам яқинроқ мақомда чалди...
111. Ўз васлингга етказиб жамолингни кўрсатдинг нима
талаб қилган бўлса, шартсиз, баҳссиз бердинг.
112. Тўқсон минг сўз айтиб яна (шундаи тез) қайтардингки,
У сайр этиб қайтганда, ҳали (ётган) жони совимаган эди.
113. Куфр зулматини ер юзидан даф айлаб унга
(Муҳаммад алайҳиссаломга) ёрқин шариатин ошкор қилдинг.
114. Сенинг хикматинг билан жумла динлар мансух (рад) бўлди, инчунин,
Одаму Нуҳ, Исою Мусо (пайғамбарлар)нинг дини ҳам.
115. Унга (Муҳаммад алайҳиссаломга) энг юксак қурбат — яқинлик (мақомига)
йўл очдинг, олам халқига ул зоти шариф ҳақ дин раҳнамосига айланди.
116. Ҳазрат пайғамбарнинг муҳаббатию санъатингни
изҳор қилиш баҳонасида жумла махлуқотни яратдинг.
117. Ҳар нарсаки, яратилишнинг ҳашаматли кийимини кийди,
биргина «бўл» амри билан уни (Сен) пайдо қилдинг.
118. Биргина у амр билан қудратингдан озгинасини ошкор
қилдинг, шундай бўлмаганда, ундан асар ҳам кўринмас эди.
119. Ажаброғи буки, яна бошқа юз минг олам бино қилиш
(яратиш) истагинг бўлса, қодирсан, шубҳасиз яратасан.
120. Ва агар (мулки борлиқни) ярим нафасда йўқ қилишни истасанг,
унданда камроқ вақт ичида ҳамма нарса сарбасар фано домига кетади.
121. Борлиқларнинг яратиш корхонаси учун бирор тафовути (таъсири) йўқ,
йўқликлар ҳам Сенинг азамату қадринг олдида барибир (ҳеч нарсани ўзгартирмайди).
122. Эн улуғ Худойим, юқори олам аҳли (фаришталар)нинг
сени зикр қиладиган тасбиҳларининг ҳаққи Хурмати!
123. Пок зотингнинг мислу монанди (қиёси, ўхшаши) йўқдир,
покиза файзингга назиру тенг ҳам топилмайдир.
124. Набиюллоҳ ҳаққи ҳурматики, ул зот офтобга ўхшайди,
улуғлик ва салобатига жумла зарралар гувоҳ.
125. Токи, Фоний (Навонй) бу ўткинчи дунёга боғлиқ экан,
унинг сийратини фақру фано тариқида тутгил.
126. Унинг руҳи қушдай бадан зиндонидан парвоз қилиб,
бақо мулки томон таважжуҳ қилса.
127. Қиёмат куни расуллар шоҳи (Муҳаммад алайҳиссалом) юқорига кўтарилиб,
гуноҳ қилган умматларини ҳимоя қилиш учун Аршга шафоат туғини тутса.
128. Унга (Муҳаммад алайҳиссаломга) лутфингни шундай зиёда қилки,
шоҳнинг кўзи гадога тушгандай, осий бандалар тарафига (унинг) назари тушсин.
129. Бас, ўша пайтда ундан (Муҳаммад Мустафодан) талаб,
Сендан кечиришдир, шу икки нарса асосида банданинг муроди ҳосил бўлади.
130. Тақдир тақозоси билан бу қасида ёзилди.
Унинг таърихи «ҳисоби қазо»дан чиқса ажаб эмас.
131. Муносиб ном фикрида тафаккурга чўмган эдим ҳотифдан
(ғайбдан) хитоб келди: номлардан исми «Руҳул-қудс» (Муқаддас руҳ) бўлди.
132. Умидим улдирки, пок нафасимга такаллум (сўзлаш қобилиятини)
ато этсангу, у билан сенга ҳамду сано айтсам.