СИТТАИ ЗАРУРИЯ
V. «МИНҲОҶ-УН-НАҶОТ» ТАТАББӮЪИ АНВАРӢ, ХОҚОНӢ 1. Зиҳӣ аз шамъи рӯят чашми мардум гашта нуронӣ, Ҷаҳонро мардуми чашм омадӣ аз айни инсонӣ. 2. Малакро аз паи овардани хоки ту ҳаммолӣ, Фалакро баҳри тарҳи мулк таркиби ту майдоне. 3. Тилисми хилқататро дасти қудрат карда меъморӣ, Дар он ҷо ганҷи ҳикмат аз малак бинҳода пинҳонӣ. 4. Зи илмуллоҳ ба таълими шарифи «аллам-ал-асмо», Бароварда миёни аҳли дониш исми пурдонӣ. 5. Гаҳе чилрӯза тифле гуфта бо пирони чилсола, Нукоту дарси асрори яқин аз илми раббонӣ. 6. Туюри гулшани улвӣ, ки қуту тӯъмашон зикр аст, Ба пешат ҷумла бинҳоданд сар аз бас хушилҳонӣ. 7. Ҷуз он як мурғи ваҳшӣ к-ӯ ба пешат сар фурӯ н-овард, Ки дар гардан фитодаш тавқи лаън аз қаҳри яздонӣ. 8. Туро дар олами мулку малоик аз раҳи рифъат, Мусаллам шуд хилофат бар гурӯҳи инсию ҷонӣ. 9. Ҳарифи хирасар чун аз сарири мулк шуд хориҷ, Туро ҳам сарварӣ, ҳам сарфарозӣ гашт арзонӣ. 10. Ҳама каррубиёнро сар ба наздат зилли худдомӣ, Аз он маънӣ, ки гаштӣ сарфароз аз зилли субҳонӣ. 11. Зи тоби кавсари май соқиёни базми ҷоҳатро, Ҳазорон гул ба рух чун лолазори боғи ризвонӣ. 12. Намедонам чӣ шуд бо он ки Ҳақ «ло тақрабо» фармуд, Гирифтӣ бо рафиқат нуктаи он душмани ҷонӣ. 13. Чаро бояд ду маъсуми биҳиштиро ба як афсун, Шудан бо он камоли зуҳд ду мардуди исёнӣ. 14. Магар з-он рӯз гандум синаи худ чок зад з-ин ғам, Ки аз чӣ душманат фармуд тарки бандафармонӣ? 15. Чу додӣ зулфи ҳур аз даст з-он дам рӯзгоратро Чу зулфи ҳур шуд ҳам тирарӯзӣ, ҳам парешонӣ. 16. Чи расвоист к-он навъ одами комил зи боғи хулд, Шавад дар дашти ғам саргашта чун ғули биёбонӣ. 17. Сияҳрӯию даргаҳрондагию ғурбату меҳнат, Чӣ буд ин ҷумларо боис ҳамин як ҳаззи нафсонӣ. 18. Ба чандин сол инобат кардану рӯ бар замин мондан, Ҷаҳонро ғарқа дар хун сохтан аз сели мижгонӣ. 19. Ки дил з-афғони зорат мурғу моҳиро ба дард омад, Ғалат гуфтам, ки санги хораро з-он доғи ҳиҷронӣ. 20. Ба ҳар навъе, ки буд боре қабул афтод он тавба, Ки шуд мардуд чандин сол аз истиғнои султонӣ. 21. Агарчи сӯи тахти кишвари аслӣ набурдандат, Вале мулки ҷаҳонро ёфтӣ ҳукми ҷаҳонбонӣ. 22. Чунон волии борифъат, ки будаш он ҳама макнат, Ба як ҷурмаш чиҳо омад ба пеш аз макри шайтонӣ. 23. Чи сон арзу ниёз овард то шуд рафъ он уқда, Бас он гаҳ бандагӣ кардан ба сад ҳавлу ҳаросонӣ. 24. Ту эй ғофил, ки бишморӣ яке худро зи авлодаш, Кунӣ сад ҷурм ҳар соат, валекин бе пушаймонӣ. 25. Нахустат ҳаст ин зоҳир, ки ҷуз Ҳақ холиқе набвад, Асоси даҳрро нозим, бинои чархро бонӣ. 26. Бад-ин сон офаринанда, ту нафсатро гузинанда, Парастишро, ки хокат бар сари ин нафси зулмонӣ. 27. Чаҳон равшан зи нури офтоб, аммо ту чун хуффош, Ҳама дар пардаҳои зулмати шаб ҷаста китмонӣ. 28. Забуни нафси кофир гаштаи з-он сон, ки метарсам, Чу гӯи «ло илаҳа иллаллоҳ» аз дунбол натвонӣ. 29. Чу лои ло илоҳат лои Лот омад илоҳ он ҷо, Чӣ ғунҷоиш пазирад, гарчи ту хоҳӣ, ки ғунҷонӣ?28 30. Даруни зарраи саргашта чун пинҳон шавад хуршед, Миёни қатраи гандида баҳри оби ҳайвонӣ. 31. Чӣ ислом аст ин, к-аз шустиаш куффор агар хандад, Бар ӯ шояд, ки охир шарм бодат з-ин мусулмонӣ. 32. Санам, к-аш худ тарошад, бингар орад бандагӣ барҷо, Самадро бандагӣ некӯ надонӣ кард, то донӣ. 33. Шаҳодат гарчи бошад бар забонат, лек дар тасдиқ, Мукаддар карда миръоти дилатро занги нисёнӣ. 34. Вуҷуди поки товусони қудсиошёнро ҳам, Ниҳӣ аз рӯи ақли худ бурун аз ҳадди имконӣ. 35. Вале баҳри мулавван мурғаки бозигари чархӣ, Муаллақҳо занӣ чун чархи таҳтонию фавқонӣ. 36. Китоби эзидӣ, к-аз азми пушташ бар замин часпад, Агар як ҳарф аз он бинвишта бар пушти фалак монӣ. 37. Зи хиффат коҳбарге нашмарӣ ҳар ҳарфи савташро, Ки бошад вақти каҳгил сохтан муздури каҳ донӣ. 38. Шаҳони миллату эъҷоз напсандӣ, ки напсанданд, Дуои «рабби ҳаб лӣ» кардан аз нанги Сулаймонӣ»29 39. Валекин донаи пӯсидаро аз сустии ҳиммат, Агар худ даст ёбӣ аз даҳони мӯр бистонӣ. 40. Қиёмат қомати хубон шуморӣ ҷаннату дӯзах, Висолу ҳаҷрашон гӯӣ, зи фарти ноқисимонӣ. 41. Зиҳӣ кӯре ба боғи офариниш, к-аз сари ғафлат Фалакро нилуфар донию тубиро гияҳ хонӣ. 42. Вуҷуди хайру шар з-он рӯй бар пои қадар бандӣ, Ки поятро зи банди амру наҳйи шаръ бирҳонӣ. 43. Вале дар гарданат он банд чун ҳабл-ул-варид омад. Бувад душворат аз гардан бурун кардан ба осонӣ.30 44. Намозеро, ки маъмур омадӣ баҳри убудият, Ки дар кардан наӣ маъзур ар одобею арконӣ. 45. Ба ёдат н-ояд, ар ояд, кунӣ з-он сон, ки дар бурдан, Бисӯзонад малакро болу пар аз фарти ниронӣ. 46. Қабули омро аз масҷид оӣ дертар берун, К-аз ин масҷидгузинӣ хубтар сад бор раҳбонӣ. 47. Кунад раҳбон ба ҳар саҷда вузуе, пеши бут бингар, Ки ту беғусл пеши Ҳақ ниҳӣ бар хок пешонӣ. 48. Закотеро, ки хоҳӣ дод гоҳи киса во кардан, Гиреҳ бар банди киса афканӣ, ҳам банди ҳамёнӣ. 49. Наёрӣ базл кард аз чил яке ҳам соҳибонашро, Чили дар чил гар амволи ту бошад ҷумла толонӣ. 50. Надорӣ рӯзаи моҳи сиём он сон, ки Ҳақ фармуд, Агар дорӣ, бувад он ҳам барои сарфаи ноне. 51. Куҷо нонрезаат мавҷуд гардад заррасон гар худ, Гаҳи ифтор бошад қурси меҳрат кардаӣ хоне. 52. Надорӣ рӯза в-ар дорӣ, накардӣ саҷдаро ранҷа Ва гар кардӣ вузуро оби ҷӯ аз худ наранҷонӣ. 53. Ва гар аз ғояти Ислом майли ҳаҷ кунӣ, ногаҳ, Матоъи Макка пурсӣ аз гаронӣ, ё худ арзонӣ. 54. Агар суди накӯ уммед бошад, бор барбандӣ, Дар ин ҳаҷ фарқ кай бошад, дар исломию насронӣ. 55. Ва гар суди умеди нафъ некӯ бошадат, сад узр Зи хавфи роҳу камсармоягию заъфи ҷисмонӣ. 56. Бувад имонат он, исломат ин, эй мӯъмини муслим, Чуз ин ҳам кофириҳо бошадат дар парда пинҳонӣ. 57. Дуруштиҳои чархат бахшад андоме, магар з-ин сон, Ки зоҳир карда аз роҳи миҷарраҳ шакли суҳонӣ. 58. Вале з-инсоф иоҳамвории нафсат агар бинӣ, Дуруштии фалак бо он баробар ҳам нагардонӣ. 59. Паи мушкинғизолон ҳуллаи каттон биёроӣ Вале худро фузун гирӣ зи Ғаззолию Каттонӣ.31 60. Чу Қорун гар диҳад дастат, ки созӣ ганҷҳо пинҳон, Нахоҳӣ баҳри он дар мулки дунё ғайри вайронӣ. 61. Ҳазорон бут даруни хирқаат пинҳону афзунтар, Намоӣ хешро дар хориқи одат зи Харқонӣ.32 62. Напошӣ дар замини дил ба ҷуз тухми амал ҳаргиз, Чӣ сон уммед бархӯрдан бувад з-ин донаафшонӣ. 63. Ниҳӣ дар мазраи ҷон хирмани ҳирсу ҳавас ҳар сӯ, Ки оташ уфтад дар хирман, ар ин аст деҳконӣ? 64. Дар он хирман чу баҳри қаҳр оташ зад, наёрад кушт Агар зоҳир кунад сели сиришкат мавҷи тӯфонӣ. 65. Фаришта филмасал дар шакли инсон гар шавад зоҳир, Намояд роҳи шайтонат, ки ҷӯӣ баҳри меҳмонӣ. 66. Лаболаб роҳи райҳониш дорӣ, то кунӣ масташ, Сиришта доруи беҳушӣ андар роҳи райҳонӣ. 67. Фалак эмин намонад аз ту бо ин девфеълиҳо, Наметарсӣ зи қаҳри эзидӣ, эмин чӣ сон монӣ? 68. Гаҳи ахзат бувад сангин, к-аз истинҷо шуда рангин. Зи дасти соҳиби хуни шикам лаъли бадахшонӣ. 69. Ба гоҳи базл агар худ қатра бавл аст аз истиғно, Чунон бошӣ, ки мепошӣ ба олам дурри уммонӣ, 70. Ба нафсат гарчи фиръавнист в-ар пайдо шавад Фиръавн, Ба худ напсандӣ андар хидмат ӯро ғайри Ҳомонӣ. 71. Чу Фиръавну чу Ҳомон гар диҳад дастат, чунон хоҳӣ, Ки сад Фиръавну сад Ҳомон туро бошад ба дарбонӣ.33 72. Натарсӣ Мусӣ ар ояд, ки аз кӯи сари Фиръавн, Асои саркаҷаш ҳар дам намояд лаъби чавгонӣ. 73. Намудан дар яди байзо чу соя аз асои ӯ, Фитад бар хок, аз ӯ ояд ба дафъи сеҳри Сӯъбонӣ. 74. Арӯси соҳири чархат ба дурҳои кавокиб ҳаст, Чу чашм аз хоби ғафлат во кунӣ кампирдандоне. 75. Кунӣ ҳамчун арӯсон ҷома сурху зард, беҳ бошад Бари мардон аз он пӯшидаҳо сад бор урёнӣ. 76. Агар поёну болои ҷаҳон они ту шуд яксар, Зи мағрурӣ шиори худ кунӣ, чун субҳ хандонӣ. 77. Ки то шомат фалак ҳар субҳ меронад, занон ҳар дам Зи поёни ту шаллоқӣ, зи болоӣ ту апёнӣ. 78. Чи аз лаълу дури гӯшат, ки чун гардун паи таъдиб, Бимолад гӯш, натвонӣ, ки гӯши худ биҷунбонӣ. 79. Каломи Ҳақ наёяд бар забонат аз раҳи нудрат, Агар сад раҳ тануварҳои ишрат бар забон ронӣ. 80. Вале мусҳаф туро рухсори шоҳид бошаду дар вай Паи зинат ниҳода холҳо оёти қуръонӣ. 81. Агар пеши Азизе як дирам дорӣ, паи ахзаш Ҳама гар Юсуфи Мисрӣ бувад, созӣ-ш зиндонӣ. 82. Набахшӣ, ё раҳо надҳӣ мурувват карда гар сад раҳ, Шафоат ё зимоният намояд пири Канъонӣ. 83. Ва гар ганҷи касе пешат буду гашт мӯҳтоҷат Диҳӣ гар ҳаббааш норе ба хислатҳои эҳсонӣ. 84. Касе бар осмонат гар расонад аз раҳи таъзим, Агар дастат диҳад ӯро дихӣ бо хок яксонӣ. 85. Шавӣ оташ, ки сад сол ар маҷусаш равшанӣ бахшад, Чу як дам дар вай афтад, зоеъаш созад зи ниронӣ. 86. Зи бас, тори либосат ончунон кисват кунӣ худро, Ки не домоне аз вай фаҳм гардад, не гиребоне. 87. Чу кирми қаз ба сад расвоият берун кашанд аз вай, Ки ҳам гӯри ту буда, ҳам кафан аз айни печонӣ 88. Танӣ аз риштаи ҷон пардае з-он сон, ки гар мирӣ, Шавӣ бепарда аз бозичаҳои чархи гардонӣ. 89. Гаҳи май хӯрдан он гаҳ руҳбозӣ бо бутон кардан, Бувад ҳар ҳаззи нафсонӣ, барад як файзи рӯҳонӣ. 90. Аҷаб набвад, ки рӯҳат мурдаву ту зиндаи нафсӣ, Ба ҷои файзи рӯҳоният будан ҳаззи нафсонӣ. 91. Саги мардон бувад нафсу ту аз сагсирате гашта, Саге ин нафси кофир, он-т марди ин мусулмонӣ. 92. Бари мардон зи мардӣ чун занй дам чун саги эшон, Сагат карда зи маҳзулӣ на бал к-аз фарти хазлонӣ.. 93. Тамошо бин, ки лофи шермардӣ ҳам занӣ аз кибр, Ағар чун юз нишинӣ бар фарози хинги ҷавлонӣ. 94. Гумонат ин ки он хингест ҷавлонӣ ба зери рон, Надонӣ юз аз маркаб набошад ғайри полонӣ. 95. Зи май тардоманӣ в-аз бехудӣ созӣ гиребон чок, Магар гаштат гиребон чок аз ин олудадомонӣ. 96. На танҳо доманат тар шуд ба лои бода аз берун, Ба лое аз дарун ҳам боиси ин гашт, то донӣ. 97. Бад-ин сон домани тар ҳар тараф доманкашон то кай, Нахоҳад гашт домангир як роҳат пушаймонӣ? 98. Туро ҳарчанд ин гумроҳӣ омад аз падар мерос, Ҳам аз ғавғои нафсонӣ, ҳам аз васвоси шайтонӣ. 99. Вале ло ҳавл в-онгаҳ боз гаштат низ маврусист, «Заламно раббано»—гуён ба маҳҷурию гирёнӣ.34 100. Аҷаб набвад, ки сад чандин гунаҳро пок шӯяд, гар Шавад зоҳир ба рӯи баҳри раҳмат мавҷи ғуфронӣ. 101. Худовандо, манам он бандаи золим ба нафси худ, Ки сад чандин, ки гуфтам оядам аз нафси зулмонӣ. 102. Агар сад дӯзахи дигар бисозӣ баҳри таъзибам, Сазоворам ва гар ҳам бахшиям, ҳастат ба осонӣ, 103. Ба сад чандин, ки гуфтам қоилам, аммо се кор аз ман Ба даргоҳӣ ту ҳаргиз н-омад аз бад сирату сонӣ. 104. Бигӯям, то бидонад халқи олам, з-он ки дар пешат Ба гуфтан нест ҳоҷат, з-он ки медонам, ки медонӣ, 105. Яке он буд, к-аз ман гарчи сад исён ба феъл омад, Накардам фахр ҷуз бо сад сияҳрӯӣ пушаймонӣ, 106. Зи нафсам гар хато омад, вале аз бими корам буд, Зи афғон оташ афрӯзӣ, зи мижғон ашк ғалтонӣ. 107. Дигар як, он ки дар шаръи расулат он шаҳи миллат Гули нори Бироҳимию фахри оли Аднонӣ.35 108. Расули абязу асвад, имоми Ясрибу Батҳо,36 Умеди фосиқу фоҷир, шафеъи сориқу зонӣ, 109. Ба феъл ар қосир афтодам, вале аз рӯи сидқи дил, Ҳамеша будаам комил зи тавфиқоти раҳмонӣ. 110. Дигар дар хидмати Махдум тақсирам, агар ҳарчанд Нагунҷад дар замину осмон аз бас фаровонӣ. 111. Валекин гавҳари сидқи дуоям аз барои шаҳ, Фузун шуд дар баҳор аз қатраҳои абри найсонӣ. 112. Чӣ шаҳ он шаҳ, ки натвон гуфт андар торами рифъат, Чи хуршедаш нашуд сонӣ, ки хуршедаш бувад бонӣ.37 113. Гаҳи кишварситоӣ гавҳари дурҷи Умаршайхӣ, Дами соҳибқиронӣ ахтари авҷи Темурхонӣ. 114. Абулғозӣ шаҳи олигуҳар Султон Ҳусайн омад, Ки омад хон, бин хон то ҳарими Ёфас ӯғлонӣ. 115. Зи иззу макрамат то Ёфасаш хоқонию шоҳӣ, Зи ирси салтанат то Одамаш хонию Қоонӣ 116. Зиҳӣ аз рӯи рифъат пояи пастат фалакқадрӣ, Зиҳӣ аз роҳи шавкат рутбаи зотат ҷаҳонбонӣ. 117. Зи анҷум касрати хайлат фузун аз нисбати ақлӣ, Зн гардун рифъати қадрат бурун аз ҳадди имконӣ, 118. На дарки диққатат м:ағзи хирадро майли мабҳутӣ, На нутқи дилкашат зикри малакро ранги ҳазёнӣ. 119. Паи санҷидани барри ту будан каффа гардунро Бувад ду нимаи арзан пӯстро оини мизонӣ. 120. Ба назди раъйи покат ҳам басе равшан шудан аз худ, Ба ҷурми маҳ расад қирӣ, ба қурси меҳр қатронӣ. 121. Чу баҳри шамсаи хиргоҳи ҷоҳат зарварақ ҷӯянд, Наёбад сафҳаи хуршед он ҷо қадри камсонӣ. 122. Бувад ҳар давраеро чархи аъзам нуқтаи марказ, Ба қасри ҳашматат чун густаранд атбоқи саллонӣ. 123. Аноре бошад аз тоси фавокеҳ базми ҷоҳатро, Қазо гар ҷавфи гардунро кунад пур лаъли руммонӣ. 124. Чу дуди оташи меҳрат шавад чархи дигар бошад, Шарор он ҷо ба Баҳромӣ, зукол он ҷо ба Кайвонӣ.38 125. Бутон ҳар сӯ чу анҷум, анҷумаш чун кирми шабтоб аст, Чу гардад меҳри роят моили базми шабистонӣ. 126. Нафози амрро чун бишканӣ тарфи кулаҳ набвад, Қадарро ғайри маъмурӣ, қазоро ғайри ҳомонӣ, 127. Зи хинги чархи сайрат нимаи наъли кӯҳан, к-афтад Сазад, к-ин кӯҳнагунбадро кунад тоқию айвонӣ. 128. Шаҳо, мадҳи ту набвад ҳадди ман, з-онрӯ гаҳи алкан Расуллуллоҳро гуфтан наёрад наъти Ҳассонӣ.39 129. Валекин доштам табъозмоиро ҳавас як раҳ, Ки гӯям чанд байти мавъизат дар таври Хоқонӣ. 130. Намедонистам он то дар чӣ рангам рӯ диҳад в-акнун Расид аз мабдаъи файз, он чи бинмудам суханронӣ. 131. Мусалсал з-ибтидои офариниш то бад-ин соат Сухан дар як қасида рондам аз рӯи сухандонӣ. 132. Ба ҳар байташ китобе дарҷ кардам сар ба сар ҳикмат, Ба ҳар як дурҷ пинҳон сохтам сад гавҳари конӣ. 133. Баёни ҳоли худ з-инсоф кардам в-он гаҳ авсофаш Бувад, ҳам баҳра гирад аз таваҷҷӯҳҳои виҷдонӣ. 134. Чунон бедор кардам аҳли оламро аз ин гулбонг, Ки н-ояд хобашон то ҳашр аз андӯҳу пазмонӣ. 135. Чу манҳаҷ шуд наҷоти халқро аз тиҳи гумроҳӣ, Ниҳодам номи «Минҳоҷ-ун-наҷот» аз лутфи субҳонӣ. 136. Сухан ҳарчанд ҷонпарвар бувад, хомушӣ авлотар, Тариқи авлӣ ар дорӣ нигаҳ, сокит шавӣ Фонӣ. 137. Ҳамеша то ки дар арзи сухан гарчи бувад нофеъ, Мумилл афтад адо мақсудро афтад чу тӯлонӣ. 138. Бувад тӯли ҳаёти шоҳ чандоне, ки дар арзаш, Аторуд оҷиз ояд, гар кунад сад даври кайвонӣ. | АНВАРИЙ, ХОҚОНИЙГА ТАТАББУЪ 1. Қандай яхшики, юзингнинг шамъи (нуридан) инсонларнинг кўзи ёриди. Инсонликнинг жавҳари бўлганинг учун жаҳон одамларининг кўз қорачиғига айландинг. 2. (Шундай асл инсонсанки), сенинг тупроғингни (Сен бунёд этилган тупроқни) олиб келиш учун фаришталар ҳаммоллик қилдилар. Сенинг (тан) мулкингнинг таркибини яратиш учун фалак майдонлик вазифасини ўтади. 3. Яратилишинг тилсимига қудрат-қўли меъморлик қилдии (Ўша- қудрат қўли) ўша тилсимга ҳикмат хазинасини кўмиб қўяр экан, ундан фаришталар ҳам бехабар қолдилар. 4. Аллоҳ илмларидан «Аллам-ал-асмо» (пинҳон нарсаларнинг номлари) таълимини ўрганишда билим аҳллари ўртасида бу исмларни энг яхши билувчи деб ном чиқардинг. 5. Баъзида қирқ кунлик гўдаклик вақтингда қирқ яшар кексалар билан Аллоҳ илмларининг сирру асрорлари ҳақида сўзлашдинг, сирлашдинг. 6. Қуту қувватлари зикрдан иборат бўлган олий гулшан қушлари (фаришталар) ҳам ёқимли овоз билан сенинг ҳузурингда бош қўйдилар (сёнга сажда қилдилар). 7. Бир ваҳший қуш (яъни, шайтон) сенинг ҳузурингда бош қўймади. (Шунинг учун ҳам) Худонинг қаҳри билан унинг бўйнига лаънат бўйинбоғи тушди. 8. Сенга баланд мартабаликда ер ва осмонда инсонлар ва жинларга халифалик муяссар бўлди. 9. Юраги қора душман (шайтон) ер юзидан ҳайдалгандан кейин сенга улуғворлик билан юксалиш насиб этаверди. 10. Тангрининг соясидан бошинг баланд бўлавергани сабабидан ҳамма фаришталарнинг боши хизматкорлик сояси остидадир. 11. Буюклигинг базмининг соқийлари кавсар майининг ҳароратидан юзлари жаннат боғининг лолалари каби минглаб гуллар билан безангандир. 12. Билмайман нима бўлдики, Ҳақнинг «ло тақрабо»— «икковларингиз яқинлашманглар» деган буйруғини эшитганинг ҳолда йўлдошинг (Момо Ҳавво билан бирга) жонингга душман бўлганнинг (шайтоннинг) сўзига кира қолдинг. 13. Икки гуноҳсиз жаннатийнинг баланд ибодат ва тақвоси билан бир алданиш натижасида (жаннатдан) ҳайдалишининг нима кераги бор эди? 14. Сенга душманинг бандага буюрилганини тарк этишни амр этди, натижада эътиқодга дарз кетди. Ўша кундан буён ғам ичида қолган буғдой ўз бағрини , чок этганича қолди. 15. Ҳурнинг сочини қўлдан берганингдан буён рўзғоринг ҳурнинг сочига ўхшаб ҳам қора кунга қолди, ҳам паришон бўлди. 16. Қандай расволикки, шундайни расо (комил) инсон жаннат боғидан қувилиб, биёбоннинг девига ўхшаб ғам саҳроси узра сарсон-саргашталикда юрса. 17. Бундайин юзи қоралик, (Аллоҳ ато этган) даргоҳдан қувилиш, ғурбат ва машаққатларнинг ҳаммасининг боиси (фақат) шу бир лаҳзалик пасткаш нафснинг лаззати туфайли бўлди. 18. (Натижада) неча йиллар тавба қилиш, юзни ерга суртиш, киприк сели билан жаҳонни қонга ғарқ қилиш (билан ўтди). 19. Сенинг фиғону зорингдан қушу балиқларнинг юрагига оғриқ кирди. Хато айтдим, (жаннатдан айрилишдек) ҳижрон доғи тошларга ҳам оғриқ солди. 20. Неча йиллар ўз иззат-нафсингни тутиш тахтидан йироқлашиб юриб, нима бўлса ҳамки, бир марта тавбаларинг қабул бўлди. 21. (Аллоҳ сени) асл мамлакат (жаннатнинг) тахти томон олиб бормаган бўлса ҳам бу жаҳон мулкини идора қилиш ҳукмини топдинг. 22. Шундай юксак мартабалик (инсон) шайтоннинг макрига учиб бир марта қилган гуноҳи учун бошига нималар тушмади. 23. У Худо олдида шундан арзу ниёзлар қилдики, юз ҳол қўрқувлар билан бандалик расмини бажо келтирдики, чигалликлар ечилиб, мартабалик юз берабошлади. 24. Эй ғофил, сен ўзингни ўша (гуноҳга йўл қўйиб товба қилган Одам Ато иа Момо Ҳавво) нинг авлодидан биттаси деб ҳисоблайсан. Ҳар соатда юзта гуноҳ қиласану, лекин ўкинч (пушаймонлик) нималигини билмайсан. 25. Аввало шу равшанки, Ҳақдан ўзга холиқ йўқ. Дунё асосини тартибга солувчи, фалак биносини бунёд этувчи ўзга бунёдкор йўқ. 26. Шундан бир қодир яратувчинг бўла туриб, сен нафс (йўлига) кириб, иблисга итоаткор бўлдинг. Бундай зулм етказувчи нафснинг бошига тупроқ сочилсин. 27. Жаҳон офтоб нури билан равшан, лекин сен кўр шапалакка ўхшаб кеча қоронгулиги пардаси остида сакраб, яшириниб юрасан. 28. Кофир нафсннгга шунчалар банда бўлгансанкн ўлиминг чоғида қўрқаманки, «ло илаҳа иллаллоҳ» (Аллоҳдан бошқа Аллоҳ йўқ) калимаси тилингга келмай қолади. 29. «Ло илаҳа»даги инкор қилувчн «ло сўзи «Лот» (бутнинг номи) инкорни инкор қилувчи «ло» сўзи бўлиб қолади. Бу «ло» ни ҳақиқий Аллоҳга тақамоқчи бўлганинг билан ҳеч натижа чиқара олмайсан. 30. Саргашта зарранинг ичига қуёш яширинади. Сасиб қолган бир қатра ичида ҳаёт суви бўлади. 31. Бу қандай ислом бўлдики, унинг сустлигидан кофирлар кулиб турса. Бундай мусулмонликдан киши уятда қолса ажаб эмас. 32. Қара, бутпараст бутини ўзи йўниб бандалик юмушини бажо келтиради. Сен агар билсанг, Тангрига бандаликни ўрнига қўёлмайсан. 33. Тилинг калимаи шаҳодатни айтиб турса ҳам, лекин уни тасдиқ этишда юрагинг оинасини гуноҳ занги босади. 34. Қудси ошёнлик товусларнинг пок вужудини ҳам ўзингнинг ақлинг юзасидан имкондан ташқари нарсалар деб биласан. 35. Валекин ҳар турли рангга кириш учун чарх уриб ўйнайдиган қуш бўлиб фалакда юқори ва пастда муаллақ юрасан. 36. Аллоҳнинг китоби (Қуръон) дан бир ҳарфини ёзиб фалакнинг ортига қўйса, у эзилиб ерга ёпишиб қолади. 37. Енгилтаклик билан (Қуръон) нинг ҳар ҳарфидан чиққан овозни шувоқ учун солинаётган сомон баргичалик ҳам ҳисобламайсан. 38. Миллат ва мўжизалар шоҳларини — (мени) ёқтирмаса йўқ, дегандай писанд қилмайсан. «Рабби ҳаб ли» дуосини ўқиш вақти келганда Сулаймондан уялмайсан. 39. Бироқ ҳимматинг пастлигидан агар имконини қилсанг, чумолининг оғзидаги бир сасиган донни тортиб оласан. 40. Ноқислигингдан гўзалларнинг қоматларини қиёмат деб, (уларнинг) васл ва ҳажрини жаннат ва дўзах деб тушунасан. 41. Ғафлат ва нодонликдан шундай кўрсанки, яратилиш боғида осмонни нилуфар деб биласан. «Биҳишт дарахти» Тубони гиёҳ деб ҳисоблайсан. 42. Дунёдаги ҳамма яхшилигу ёмонликларни қазою қадардан (пешонага ёзилгандан) деб биласан. Бироқ оёғингни шариатнинг буюрганлари бандидан олиб қочасан. 43. Бўйнингдаги ўша банд елкангдаги йўғон томирингга ўхшайди. Уни бўйнингдан осонлик билан олиб ташлашинг оғир бўлади. 44. Бандалик қилиш учун сенга намоз буюрилган. Уни одобу арконлари билан адо этиш фарз. Бажармаслик учун сенда ҳеч қандай узр йўқ. 45. (Уларни) адо этиш ёдинга келмайди. Адо этмоқчи бўлсанг ҳам шундай қиласанки, найрангингнинг ўти фаришталарнинг қанотини куйдириб юборади. 46. (Масжидга борганингда) одамларнинг кўзига кўриниш учун ундан (ҳаммадан) кеч чиқасан. Бундай масжид парастликдан (бутхонага кириб) бут-парастлик қилиш юз мартаба яхшидир. 47. Қара, бутпараст бут олдида ҳар саждадан олдин юзи, қўл-оёғини ювади. Сен бўлсанг ғуслсиз, яъни бутун аъзоларингни покламай туриб Ҳақ олдида пешонангни ерга (саждага) қўясан. 48. Баъзан закот бериш учун ҳамёнингни очиш керак бўлган чоғда унннг оғзини чигил қилиб боғлаш учун очасан. Ичидаги ҳамённи ҳам маҳкам тутасан. 49. Бойлигинг қирқу қирқ бўлганда ҳам (закот учун) қирқдан бирини бермайсан. (Шунинг учун) қирқу қирқ толонга лойиқдир. 50. Рамазон ойи рўзасини Ҳақ буюрганидек тутмайсан. Тутсанг уни ҳам нонни сарф қилмаслик учун тутасан. 51. Ўзинг гоҳида дастурхонингга қуёш чамбарагини нон қилиб қўйсанг ҳам ифтор чоғида ушатган ноннигнинг ушоғи бўлмайди. 52. Рўза тутмайсан, тутсанг ҳам ранж тортиб сажда қилмайсан (яъни намозларингни ўқимайсан). Таҳорат қилишда ҳам ариқ сувини ранжитмайин дейсан (Шунчаки покланасан). 53. Бордию ислом (фарзи) деб ҳаж қилишни кўнглингга тугсанг, Маккада матонинг қимматлиги ёхуд арзонлиги ҳақида суриштирасан. 54. Агар яхши фойда кўришга кўзинг етса, юк ортиб жўнайсан. Бундай ҳаж исломийликми, насронийликми, қандай фарқи бор? 55. Шундай бўлса йўл хавфи, сармоянг (пулинг)нинг етарли бўлмаслиги танангнинг соғ эмаслиги ҳам узр бўлолмайди. 56. Эй мўъмин мусулмон агар имонинг шую, исломинг бу бўлса, бу парда ортида яширинган қанчалар кофирликларинг бор. 57. Айланувчи чархнинг нотекисликлари (ҳаётда рўй берадиган жоҳиллик, қўполлик) сени шундай қилиб қўйганки, сомон йўли юлдузларини хира юлдуз қилиб кўрсатасан. 58. Агар нафсингнинг нотекислигига инсоф билан қарасанг, фалакнинг нотекислигига тенглаштирмайсан. 59. Гўзалларни овлаш (мушкин ғизолларни қўлга тушириш) учун ўзингни каттакон (мовут) тўн билан ўрайсан. Лекин ўзингни Ғаззолию Каттонийлардан юқори оласан. 60. Агар сенга қўйиб берса, Қорунга ўхшаб хазиналарни йиғиб яширасан. Лекин ўша хазинани яшириш учун дунёда вайронадан бошқани хоҳламайсан. 61. Сенинг хирқанг ичида юзларча бут яширинган бўлиб, хориқи одат—кароматда ўзингни Харақоний деб кўрсатасан. 62. Дил экинзорига ҳаргиз амал уруғидан бошқа нарса сочмайсан. Билмайман, бу деҳқончиликдан нима ҳосил оламан деб умидворсан. 63. Жон экинзорининг ҳар томонига ҳирсу ҳавас хирмонини қўясан. Агар деҳқончилик шундай бўладирган бўлса, ундай хирмонга ўт тушсин. 64. Агар у хирмонга ғазаб юзасидан ўт тушса, кўз ёшинг сел (бўлиб оққанда ҳам) бўлганда ҳам у ўтни ўчиролмайди. 65. Фаришта, бордию масалларда айтилганидек (кўз ўнгингда) инсон шаклида намоён бўлса, шайтонлигинг тутиб уни меҳмон қилмоқчи бўласан. 66. Райҳоний майинг билан фариштани маст қилмоқ учун унга (одамни) беҳуш қиладиган дори қўшасан. 67. Сенинг бу шум девфеллигингдан фалак ҳам омон қолмайди. (Бу ишларим билан) Худонинг қаҳридан қандай омон қоламан деб қўрқмайсан. 68. Гоҳида қўлингга олганинг тош артиниш вақтида рангли бўлиб қолсами, қонли қўлим билан қорнимни Бадахшон (лаълига) тўйдирганман деб биласан. 69. Агар бировга саҳоват қиламан, десанг берадиган нарсанг бир қатра сийдикдан иборат бўлса ҳам бутун оламга дурру инжу сочяпман, деб ўйлайсан. 70. Шу ҳаккалаган нафсинг билан қаршингда Фиръавн пайдо бўлиб қолса, уни Фиръавннинг кофир вазири Ҳомондан бошқа деб танимайсан. 71. Агар Фиръавн билан Ҳомон қўлингга тушиб қолса, улардан юзтасини эшигинг олдида пойлоқчи қилиб қўйишни хоҳлайсан. 72. Агар Мусо Фиръавннинг кўчасининг бошидан келса, ундан қўрқмайсан, унинг саркаш ҳассаси сенинг кўзингга чавгон ўйинидаги эгри таёққа ўхшаб кўринади. 73. Мусо ҳассасининг қуёшдай равшанлиги сенга «яди байзо» (Мусонинг мўъжизали қўли) бўлиб кўринадн. Унинг ҳассасидан ерга тушган соя Суъбон сеҳрини дафь қилади, деб биласан. 74. Чархнинг сеҳрловчи келини сенга юлдуз дурлари бўлиб кўринади. Лекин агар ғафлат уйқусидан омон уйғонсанг, у кампирнинг тишига ўхшаб. қолади. 75. Кийимингни келинларга ўхшаб қизил ва сариқ (рангда) ялтиратиб киясан. Мардлар олдида бу хилда кийинишингдан кўра юз марта яланғочлик афзалдир. 76. Агар дунёнинг баланду пасти бир бошдан сеники бўлиб қолса, мағрурлик шиори билан субҳидамга ўхшаб куласан. 77. (Бу ишларинг учун фалак) ҳар дамда тонгдан оқшомгача юқорингдан мушт, қуйингдан шапалоқ тушириб, савалай бошлайди. 78. Фалак бир кун сенга адаб бериш учун қулоғингни лаълу дурлари билан ерга шундай ишқалайдики, уни қимирлатолмай қоласан (Шундай бўлгач, қулоғингга таққан дуру лаъллардан нима фойда). 79. Агар юз йўл айш-ишрат тадорикларини тилингга олганингда ҳам Худонинг каломи (Қуръон) тилингга келмайди. 80. Қуръон саҳифалари сенга гўзалларнинг юзлари бўлиб кўринади, ундаги оятларни зийнат холлари гумон қиласан. 81. Агар бирор азиз олдида бир дирам пулинг қолса, уни қайтариб олиш учун ҳамма Миср Юсуфи бўлганда ҳам зиндонга соласан. 82. Канъоннинг улуғлари юз йўл шафқат қилиб ёхуд кечирганда ҳам сен на кечирасан, на озод қиласан. 83. Бировнинг хазинаси сени олдингда бўлсаю, у муҳтожликка тушиб қолса, дон донаси ўрнига ўт тутқазасан. 84. Агар бирор киши сенга (ҳурмат юзасидан) таъзим қилиб, сени (бошингни) кўкларга еткурса, қўлингдан келса уни тупроқ билан тенг қиласан. 85. Сей ўтбўлсангу, мажусий сенга юз йил ёруғлик бағишлаган бўлса ҳам уни бир дамда куйдириб юборасан. 86. Ўзингга шундай либос бичасанки, унинг на этагини, на ёқасини идрок этиб бўлади. 87. Ипак қуртига ўхшатиб сени (ўша) кийимданрасво қилиб чиқарадилар. У сенга ўз қўлинг билан тайёрланган ҳам гўр, ҳам кафан бўлади. 88. Жон ипидан шундай парда тўқийсанки, агар ўлсанг айланувчи чархнинг найрангларидан бепарда бўлиб қоласан. 89. Гоҳида май ичишу гўзаллар билан жонфидолик қилиш, нафснинг ҳар бир лаззат топиши бир руҳоний файзини кеткизади. 90. Ажаб эмаски, руҳинг ўлгану сен нафс учун тирик юрибсан. Жонга руҳнинг файзини сўраш ўрнига нафсингнинг мубталосан. 91. Нафс мард кишиларнинг итидир Сенинг сийратинг эса ит қулдир. Итлик бу кофир нафсга забунлик, мардлик—мусулмонликдир. 92. Мардлар олдида мардликдан лоф урсанг, уларнинг итига ўхшаб ҳамма нарсадан бебаҳра, хор бўлиб қолиб кетасан. 93. Томошани қарангкн, жавлон урувчи отинг устига мингудек бўлсанг, шерлик лофини ҳам урасан. 94. Гумон қилиб турган отинг ўйноқлар экан, сен бу ҳайвоннинг тўғри йўлдан юролмаслиги боз устига ўта ялқовлигини билмайсан. 95. Майдан маст бўлиб, ўзингдан кетиб булғанчлигингдан ёқанг чок бўлгандир. 96. Нафақат май лойидан гуноҳкор бўлдинг. Билсанг, ичдан ҳам шу боис балолар юз берди. 97. Шунга ўхшаш ахлоқсизлигинг билан ҳар томонга судралиб юришинг қачонгача? Даъвогарликдан ўтиб бир йўл пушаймонликнинг йўлини тутмайсан. 98. Сендаги бу қадар гумроҳликлар отангдан мерос бўлиб қолган. Булар ҳаммаси нафсоний ғавғолар, шайтоний васвасалар туфайлидир. 99. Булар сенга отангдан мерос бўлиб қолган бўлса ҳам йиғи билан «заламно раббано» десанг гуноҳларингдан фориғ бўласан. 100. Раҳмат денгизининг устида юзлаб бундай гуноҳларни ювиб кетувчи мағфират мавжлари пайдо бўлса ажаб эмас. 101. Эй Худо, мен ҳам ўз нафсим билан золим бўлган бандаман. Одамни хор этувчи нафсга берилганлигим айтганларимдан юз чандон ортиқ. 102. Агар менга азоб бериш учун бошқа юзта дўзах яратсанг, мен ўша дўзахларда куйишга сазоворман. Агар кечираман десанг ҳам ўзингга осон. 103. Нима деган бўлсам ўшани юз баробарини ҳам айтаман. Лекин уч иш сенинг даргоҳингга ҳаргиз менинг ёмонлигимдан келмади. 104. Мен уни айтай, токи олам халқи билсин. Буни (асли) сенинг олдингда айтишга ҳожат йўқ. Биламанки, сен уларни биласан. 105. Уларнинг бири шулки, агар мендан юзта гуноҳ (ўтган) бўлса, улар ўзимнинг феълимдан келди. Улар билан фахрланмадим, балки юз қоралик билан пушаймон бўлдим. 106. Нафсим (туфайли) хато қилганимда ишим қўрқувдан ўт солувчи фиғон чекиш, киприкларимдан ёш тўкиш бўлди. 107. Яна бири шуки, миллат (халқлар) шоҳи, Иброҳим ўтининг гулию Аднон аҳлининг фахри бўлган пайғамбарнинг шариатида бўлдим. 108. Оқ ва қора танлиларнинг пайғамбари, Ясриб ва Батҳонинг имоми, фисқу фужур эгаларининг умиди, ўғрилар ва зинокорларнинг шафоатхоҳи 109. (Муҳаммад пайғамбар) олдида агарчи феълим билан қусурликларга йўл қўйдим, лекин раҳмоннинг тавфиқотидан ҳамиша комил эдим. 110. (Яна бир бошқаси) Махдум (Абдураҳмон Жомий) олдидаги қусурларим кўплигидан еру Кўкка сиғмаса ҳам. 111. Лекин шоҳ учун сидқидилдан дуоларим гавҳари баҳор ёмғири қатраларидан кўпдир. 112. Бу шоҳ шундай шоҳки, унинг кўк гумбазидай баланд мартабалилигини айтиб тугатиб бўлмайди. У қуёшга ўхшайдир ва тенги йўқ (Давлатни қуёшга ўхшаб бошқаради). 113. Дам Умаршайх гавҳар сандиғининг эгаси, дам Темурхон юлдузи авжининг бахтиёр кишисидир. 114. Абдулғози Сўлтон Ҳусайн (авлодидан) аслзодалардандир. У хон ўғли хон, Ёфас ўғлонидир. 115. Иззату ҳурмат буюклигида шоҳлиги ва хоқонлиги Ёфасгача боради. Подшоҳлик сулоласида хонлиги ва хоқонлиги Одам Атогача етади. 116. Қандай дилхушликки, унинг буюклиги олдида фалакнинг қадри пасаяди. Қандай ажойибки, шавкати юзасидан зотининг мартабаси жаҳонни идора қилади. 117. Ақлга сиғмас даражада қавмининг кўплиги юлдузлардан ҳам кўп. Қадрининг баландлиги имкондан ҳам ортиқ. 118. Диққатининг идроки ақл мағзини лол қилади. Кўнгил тортувчи нутқи олдида фаришталарнинг зикри нурсиз бўлиб қолади. 119. Сенинг буюклигингни ўлчашда осмоннинг тарозу палласи битта тариқнинг (тенг бўлинганидаги) иккала пўсти бўлиб қолади. 120. Сенинг пок талъатинг наздида ҳамма равшанлик топади. (Лекин) ой ўз гуноҳи учун қора бўлади. Қуёш кулчаси эса, кичкина бўлиб қолади. 121. Мансабинг чодирини қуёшдан тўсиш учун зарварақ қидирсалар, у ҳолда қуёш дастурхони қадр-қиммат тополмайди. 122. Ҳар бир давр айланишининг марказий нуқта узви бўлади. Ҳашаматинг қасри устида кўкнинг қаватлари нозланиб айланиб юрадилар. 123. Қазо агар дунёнинг бўшлиғини қизил лаълга айлантирса, шоҳона базмингда мевалар қўйилган тосдаги анорга ўхшайди. 124. Агар меҳринг ўтининг тутунидан Баҳромга (Марс юлдузига ишора) ўхшаганларга ўт тушса, у ҳам, Зуҳал юлдузи ҳам завол топади. 125. Табъинг қуёши кечки базмга майл кўрсатса, гўзаллар ҳар томонда юлдузчадир. Юлдузлар эса, кечаси ёнадиган қуртчадир. 126. Агар сен бирор иш юзасидан буйруқ берадиган бўлсанг, сенинг фармонинг отилган ўқдек нишонга етиб, жорий бўла бошлайди ва шоҳларнинг тақдир ва қисматга бўйсунишдан бошқа иложи қолмайди. 127. Дунёни айланувчи отингдан эски тақасининг ярми тушиб қолса, уни эски дунё гумбази ўзига тоқ ва айвон қилиб олади. 128. Эй шоҳ, сенинг мадҳингни ўрнига қўйиб айтиш менинг ҳаддим эмас. Бушиор Ҳассоннинг мақтови Расулуллоҳ мадҳининг ўрнини босолмагандек бўлади. 129. Лекин бир маротаба табъимни синаб кўришни ҳавас қилдим. Хоқоний йўли билан бир неча ибратли байт айтай дедим. 130. Билмадимки, бу қай тарзда юз беради, муяссар бўлади. Менга Худодан файз етдию сўз юритишга бошладим. 131. Одам зотининг яратилишидан бошлаб то шу дамгача бўлган аҳволотни бир қасидада сухандонлик билан битдим. 132. Ҳар бир байтга бус-бутун ҳикмат билан тўлган китоб мазмунини сиғдирдим. Ҳар байтга юз коннинг гавҳарини яширдим. 133. Инсоф юзасидан ўз ҳолимни ҳам айтиб ўтдим, арзномаларимни одамлар эшитсинлар, билсинлар ҳамда виждоним буюрганларини ёзганларимдан баҳраманд бўлсинлар дедим. 134. Бор овозим билан, дунё одамларини (ғафлат уйқусидан) шундай уйғотдимки, уларнинг қиёмат кунигача пушаймонликдан уйқулари келмасин. 135. Қасидам одамларга гумроҳликдан қутулишлари учун нажот йўли бўлсин (шунинг учун ҳам) Худонинг лутфи билан унинг номи «Минҳож ун-нажот» («Нажот йўли») бўлди. 136. Сўз танларга ҳар қанча жон бахш этса ҳам хомушлик яхшироқдир. Эй Фоний, яхшилик йўлини тутсанг, яхшиси сукутдир; 137. Сўз баёни ҳамиша нафли бўлса ҳам, у узайиб кетса малоллик келтиради ва мақсадга етмоқ узоқлашиб кетади. 138. Шоҳнинг ҳаёти шундай кам-кўстсиз давом этсинки, унинг қаршисида Уторид юлдузи юз давра уриб Марс юлдузидек кайвонлик қиламан деса ожиз қолсин. |